Бонувони соҳибкори тоҷик дар бахши кишоварзӣ ва хизматрасонӣ хеле фаъоланд

Октябрь 13, 2017 13:53

ДУШАНБЕ, 13.10.2017/АМИТ  «Ховар»/. Ҳоло  дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор нафар занони соҳибкор ба ҳайси роҳбари ширкату корхонаҳо фаъолият доранд, ҳол он ки ин омор дар солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии кишварамон  беш аз 60 нафарро ташкил медод.

Манучеҳра  Мадҷонова,  мушовири калони  иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  13 октябр зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе оид ба  дастгирии соҳибкорӣ  байни занон ва рушди ҳунармандӣ гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди соҳибкорӣ дар байни бонувон таваҷҷуҳи махсус  зоҳир менамояд. Таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ  оид ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон  шаҳодати ин гуфтаҳост».

Зикр гардид, ки  дар маҷмӯъ ҳиссаи бонувони соҳибкор  24 фоизи субъектҳои соҳибкории дар ҷумҳурӣ  фаъолро ташкил медиҳад. Инчунин 25 %  хоҷагиҳои деҳқонии кишварро занон роҳбарӣ менамоянд. Бонувони соҳибкори тоҷик дар бахши  кишоварзӣ ва хизматрасонӣ фаъолияти чашмрас  ва муваффақона доранд. Дар ин росто  нақши занони соҳибкори тоҷик дар рушди иқтисодиёти миллӣ муассир  арзёбӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиш оид ба  дастгирии соҳибкорӣ  байни занон ва рушди ҳунармандӣ дар доираи  таҷлили сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он намояндагони  мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони  рушд  иштирок намуданд.

Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи  Шӯрои машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ  ва дигар шарикони рушд аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он   масъалаҳои  дастгирии соҳибкорӣ, хусусан   соҳибкории бонувон, ҳунармандӣ ва рушди он дар Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои рушди соҳибкорӣ дар байни бонувони тоҷик матраҳ гардид.

Дар ҳамоиш ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»,  рушд ва дастгирии ҳунармандӣ  дар Тоҷикистон  ва натиҷаҳои таҳлили ҷанбаҳои гендерии фазои сармоягузорӣ  дар Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон интизор меравад, ки иштирокдорон дар рӯзи дуюми ҳамоиш масъалаҳои  марбут ба андозбандии  фаъолияти ҳунармандӣ, имтиёзҳои   андозию маъмурӣ, банақшагирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани  рақобатпазирии  маҳсулоти ҳунармандӣ  ва ба роҳ мондану тақвияти ҳамкорӣ байни ҳунармандонро   баррасӣ намуда, таклифҳои судманд  пешниҳод созанд.

Октябрь 13, 2017 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд