Дар Шуғнон машқи ситоди фармондеҳӣ бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ доир шуд

Октябрь 25, 2017 11:54

ХОРУҒ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон машқи амалии ситоди фармондеҳӣ  бо ширкати раҳбарони сохторҳои мухталифи мудофиаи гражданӣ баргузор шуд. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наим Мираков гуфт, ки “се рӯз пеш комиссияи махсус ҳуҷҷату санадҳо доир ба омодагии идораву муассисаҳо ва хадамоти гуногуни ин ноҳияро ба ҳолатҳои фавқулода мавриди санҷиш қарор дод. Дар  марҳилаи дуюми  машқ тарзи дар амал тадбиқ намудани дониши назариявии ситоди фармондеҳӣ ва гурӯҳҳои наҷотбахш дар мавзеи Шарикхонаи ҷамоати Навобод санҷида мешавад. Ин яке аз мавзеъҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ мебошад. Соли гузашта низ сатҳи оби рӯдхонаи кӯҳӣ дар мавзеи мазкур  баланд шуда, оби он аз маҷрои худ берун баромад ва  баъзе киштзору дарахтони сокинонро хароб кард. Аммо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои худ ва гурӯҳҳои наҷотбахш  нагузоштанд, ки  ин офат ба мардум хисороти бештар расонад”.

Баъди баланд шудани садои бонги хатар дар назди Литсеи техникии маркази ҷамоат лагери муваққатӣ таъсис дода шуда, барои ситоди фармондеҳӣ, гурӯҳҳои наҷотбахш, табибону мутахассисони соҳаҳои дигар  хаймаҳо гузошта шуданд. Дар хаймаи калон ғизо ва либоси гарм омода гардид.

Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев, ки ҷараёни машқи тактикиро назорат мекард, ба фаъолияти ҳамаи сохторҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки баргузории чунин машқҳо дар манотиқи кӯҳистон аз манфиат холӣ нест.  Ин машқҳо барои пешгирӣ ва коҳиши зарари  офатҳои табиӣ кумаки калон мерасонанд.

Раиси ноҳия ба кормандони ҳамаи сохторҳои  мудофиаи гражданӣ  барои фаъолияти  муташаккилона, ҳамкории зич бо сокинони маҳал, сари вақт расондани кумакҳои тиббию ғизоӣ ба зарардидагон,  интиқоли  техникаву механизмҳо ба ҷои ҳодиса изҳори сипос намуда,  ба кормандоне, ки вазифаи худро софдилона ва касбӣ иҷро намуданд, ифтихорномаҳо тақдим кард.

Октябрь 25, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад