Дастаи «Хуҷанд» ба гирифтани медалҳои нуқра наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд баъди ғалабаи навбатӣ бар дастаи «Барқчӣ»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ мавқеи худро дар зинаи дуюм устувор кард. Голҳоро дар ин бозӣ Дилшод Бозоров дар дақиқаи 29-ум ва Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 38-ум ба нишон расониданд.
Ёдрас мешавем, ки барои медалҳои нуқраи имсола КМВА «Помир» низ муборизаро идома медиҳад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум
«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 29 (1:0). Эҳсон Бобоев, 38 (2:0).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Рустам Ризоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Руслан Раҳматов, Абдусамад Хоҷибоев (Фарҳод Тоҳиров, 86), Эҳсон Бобоев, Ҳикматулло Расулов (Шоҳрух Раҷаматов, 76), Манучеҳр Ахмедов, Дилшод Бозоров (Давронҷон Тухтасунов, 80), Ҷаҳонгир Эргашев.
«Барқчӣ» (Ҳисор): Ҳомидҷон Исоқов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев (Шаҳром Самиев, 55), Саидмухтор Азимов (Муминҷон Забиров, 77), Ваҳдат Ҳанонов, Шериддин Бобоев, Далер Ёдгоров, Амирҷон Сафаров.
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 16 | 13 | 3 | 0 | 50-7 | 42 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 19 | 11 | 3 | 5 | 39-16 | 36 |
| 3 | КИВА «Помир» (Душанбе) | 19 | 8 | 9 | 2 | 18-10 | 33 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 20 | 6 | 5 | 9 | 21-22 | 23 |
| 5 | «Барқчӣ» (Ҳиссор) | 19 | 6 | 5 | 8 | 18-23 | 23 |
| 6 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 20 | 5 | 6 | 9 | 16-27 | 21 |
| 7 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 20 | 4 | 4 | 12 | 23-47 | 16 |
| 8 | «Ҳосилот» (Фархор) | 19 | 4 | 3 | 12 | 14-47 | 15 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 9 тӯб.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






