ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал қувва меозмояд
ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бо дастаи мунтахаби Непал вориди майдон мешавад. Ин вохӯрӣ соати 18:00 оғоз меёбад.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Ҳаким Фузайлов ва бозингари моҳир Дилшод Восиев ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд. Аз ҷумла, сармураббии даста иттилоъ дод, ки бо ҷалби бозингарони ҷавон, чун Шериддин Бобоев аз дастаи “Барқчӣ” хати ҳамлаи дастаи мунтахаб тағйир меёбад ва минбаъд ин бозингар дар вохӯриҳо истифода хоҳад шуд.
Ӯ афзуд: «Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳар як бозӣ муҳим аст ва мо дигар ҳуқуқи аз даст додани ягон имтиёзро надорем. Бозингарон омодаанд, ки дар ҳар вохӯрӣ танҳо барои ғалаба ба майдон бароянд».
Дилшод Восиев, ки миёни мухлисони дастаи мунтахаб ва “Истиқлол”- и Душанбе маҳбубияти зиёд пайдо карда, ҳангоми ба майдон омадан бо кафкӯбӣ истиқбол мешавад, ба мухлисон муроҷиат карда, гуфт: «Мо бо дастгирии мухлисон вазифаи ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё баромаданро ҳал хоҳем кард, аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки ба боварии онҳо сазовор бошем. Биёед ва бозиро тамошо кунед».
Кодзи Гёдокуи японӣ, сармураббии дастаи мунтахаби Непал ҳам аз дастпаваронаш боварӣ дорад, ки дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз ба кишвараш бармегарданд. «Мо дар бозии аввал дар майдонамон аз футболбозони тоҷик бо натиҷаи 1:2 мағлуб шудем ва ин навбат кӯшиш мекунем, ки қасди он бохтро бароварда, ба Непал бо ғалаба баргардем. Футболбозони мо танҳо ғалаба карданианд».
Дастаи мунтахаби Непал дар раддабандии FIFA бо 101 имтиёз дар зинаи 175-ум (дар Осиё-37) қарор дорад. Дар ин нишондод Тоҷикистон дар мақоми 140-ум (дар Осиё-25) мебошад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






