Ибодулло Машраб ва Бахтиёр Сайфуллоев оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбат карданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд мулоқоти ҳайати расмии Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот инчунин сардори шуъбаи робитаҳои байналхалқии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов, роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар, таҳкими робитаҳо, ташкили барномаҳои консертии сарояндагон дар ҳар ду кишвар, инчунин ҳамкории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ва Муассисаи давлатии «Ўзбекконсерт» суҳбат намуданд.
Вохўрӣ дар фазои дўстона сурат гирифт.








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






