Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансурӣ
ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансуриро ба ҳузур пазируфтанд.
Амороти Муттаҳидаи Араб шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиё ва соли 2017 ҳамчун соли рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Аморот барои дастгирӣ ва кумакҳои беғаразона ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуданд ва ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид доштанд.
Доир ба фаъолсозии нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Аморот, ҳамчунин ифтитоҳи намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Ҳавасмандии ҷонибҳо ҳамчунин ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, боркашонӣ – логистикӣ ва сайёҳию инфрасохтори он таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷчуҳи тарафҳо карордошта баррасӣ шуд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






