«Нақши пешвоёни дин дар ҳолатҳои фавқулода»-ҳамоиш дар Бадахшон
ХОРУҒ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии шаҳри Хоруғ бо ибтикори намояндагони Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши дурӯза дар мавзӯи «Нақши пешвоёни дин дар ҳолатҳои фавқулода» баргузор гардид. Дар ҳамоиш сархатибон, имомхатибон, халифаҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Дар пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои гуногуни табиӣ дар баробари кормандони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин намояндагони дин нақши муассир доранд. Зеро сархатибону имомхатибон ва халифаҳо аз рӯзҳои аввали сар задани ин ё он ҳолати фавқулода дар канори кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар идораву муассисаҳои марбута истода, ба онҳо кумаки моддию маънавӣ мерасонанд.
Намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх Клаудия Аззолини зимни ҳамоиш гуфт, ки «барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва даргириҳои дохилӣ дар саросари ҷаҳон бештари вақт мо бо намояндагони дин низ ҳамкорӣ мекунем. Тоҷикистон ҳоло кишвари амну ором ба шумор меравад, аммо чанд соли охир бар асари зилзила, обхезию сангчарх ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам хисороти зиёди молӣ мебинад. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон соли 1992 ба фаъолият шурӯъ кард ва барномаҳои худро дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Мушкилоти башардӯстона, ба монанди поксозии замин аз мина, ҷустуҷӯи афроди гумшуда, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода аз вазифаҳои аслии КБСС ба шумор меравад».
Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Зокиров нақши намояндагони динро дар пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода хеле муассир хонда, изҳор намуд, ки дар ин ҳамоиш онҳо роҳҳои боз ҳам беҳтари расондани кумакҳои мухталиф ба мардуми зарардидаро ба таври муштарак ҷустуҷӯ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






