Огоҳии Агентии обуҳавошиносӣ: пагоҳ дар ҷумҳурӣ вазиши боди сард ва боридани борон дар назар аст

Октябрь 3, 2017 16:26

ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор, вазиши боди сард, дар баъзе минтақаҳо дар баландии 2500 метр боридани барф, пастшавии ҳарорати ҳаво ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба огоҳии ин Агентӣ, 4 октябр бо назардошти вазиши боди сард аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои номусоид пешбинӣ карда мешавад. Вазиши сахти шамол аз самти шимолу ғарб ба 17-22 метр дар як сония расида, дар водиҳо пастшавии ҳарорат то 11-16 дараҷа дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа аз вазиши сахти бод чангу ғубор ба амал омада, дар доманкӯҳҳо бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ҷануб 12-17 метр дар як сония  мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.

Обуҳавошносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, шабона 12-14  ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 3, 2017 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад