СОМОН МАҲМАДБЕКОВ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия соҳиби медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия ҷараён дорад, дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сомон дар даври аввали марҳилаи муқаддамотӣ озод буд. Ӯ дар даври дуюм Ҷаслен Сайни ҳиндустонӣ, баъдан Исмоил Иброҳимовро аз Озарбойҷон мағлуб карда, аз варзишгари Бразилия Даниел Каргнин, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хӯрд. Сомон муборизаро барои медали биринҷӣ идома дода, варзишгари испанӣ Салвадор Касес ва намояндаи Озарбойҷон Ёқуб Ҷаводовро мағлуб карда, ҷои сеюмро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввал Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг ба майдон баромад. Ӯ бар Катз Ҷошуа аз Австралия ва Ҷорре Верстраген аз Белгия пирӯз шуда, дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Аҳмад Юсуфов мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Дар вазни -66 кг варзишгари дигари мо Муҳаммадкарим Сарахонов гӯштин гирифт. Ӯ баъд аз ду ғалаба бар Кристос Скоромоуниси кипрӣ ва Бадер Алмазайдаи урдунӣ, дар даври сеюм аз намояндаи ӯзбекистонӣ Артём Штурбабин, ки медали нуқра ба даст овард, шикаст хӯрд.
Ду варзишгари мо дар вазни -73 кг Эраҷ Абдуллоев ва Хайёмиддин Ҷабборов низ аз медалҳо бенасиб монданд.
Имрӯз ва фардо рақобатҳо дар 4 вазн идома меёбанд. Дар вазни -81 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо Алекс Ривет аз Зеландияи Нав рақобат мекунад. Дар ин вазн Раҳматуллобек Фарҳодов низ гӯштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Ҷеспер Слини нидерландӣ – Сергей Кривчали украинӣ мебошад.
Варзишгари дигари мо Муртазо Аминов дар вазни -90 кг бо Никола Микависа аз Босния ва Ҳерсоговина рақобат мекунад.
Дар вазни -100 кг ду варзишгари мо бо ду варзишгари Полша гӯштин мегиранд: Шакармамад Мирмамадов бо Каспер Сизуровски ва Темур Раҳимов бо Доминик Мазовски.
Хотиррасон менамоем, ки дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок доранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






