Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази исломшиносӣ
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш директори Марказ гузориши илмиро дар мавзўи «Заминаҳои эҳёи забони тоҷикӣ дар матни фарҳанги исломӣ» ба муҳокимаи иштирокдорон пешниҳод намуд.
Гузориши мазкур дар ҳафт қисмат табақабандӣ шуда, нахуст, дар бораи таъсиргузории падидаи фарҳангии форсӣ ба муҳити арабтаборон тавассути давлати хурди Лахмиён ва туббаъҳои Яман (подшоҳони яманиро чунин ном мебурданд) маълумот дода шуд.
Сипас, дар атрофи нақши Салмони Форсӣ ҳамчун саҳобаи машҳури пайғамбари ислом (с) ва аҳамияти осори ў дар муаррифии шоистаи мардуми форснажод дар садри ислом далелҳои сарчашмавӣ оварда шуданд. Зикр карда шуд, ки то густариши ислом дар минтақаи Варорўд забони суғдӣ ва гўйишҳои тавонои он ба мисли хоразмӣ, хутанӣ ва бохтарӣ дар дарозои хатсайрҳои Роҳи бузурги абрешим ба сифати забони муоширати сиёсӣ, фарҳангӣ ва бозаргонӣ барои худ нишемангоҳи устуворе омода сохта будаанд. Дар матлаби чаҳоруми гузориш нақши ватандўстонаи поягузорони давлатҳои нахустини миллии тоҷикон – Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар мақоми давлатӣ гирифтан ва ба забони дуюми расмии дини ислом мубаддал гаштани он бо далелҳои муътамад баҳогузорӣ гардид. Дар ин замина нақши мактаби тарҷумонӣ ва анҷом додани нахустин тарҷумаи Қуръон ба забони форсии дарӣ дар аҳди амирони сомонӣ омили муҳими давлатдорӣ ва миллатсозӣ барои тоҷикон будааст. Воқеан намунаи насру назми даврони Сомониён садаи дурахшони таърихи куҳанбунёди тоҷикон ва тамоми мардумони форснажод мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шароити кунунӣ нақши Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариш додани доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар коргузории давлатӣ ва зимни суханрониҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ истифода бурдани он шоистаи таҳсин ва ифтихормандии шаҳрвандони ҷумҳурии мост.
Дар ҳамоиш атрофи масъалаҳои мавриди баҳс аз ҷониби олимону мутахассисони Марказ муҳокима ва андешаҳои судманд баён гардиданд.








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






