РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат шаҳрҳо танҳо маҷмуаи хиёбону биноҳо нестанд, балки шакли зиндаи хотираи таърихӣ, тарҳи моддии тафаккури давлатдорӣ ва оинаи сатҳи маърифату фарҳанги ҷомеа мебошанд. Миллате, ки шаҳр месозад, дар асл ояндаи худро месозад. Миллате, ки пойтахтро обод мекунад, дар асл маркази ирода, ҳувият ва ваҳдати худро таҳким мебахшад. Аз ин нигоҳ, Душанбе дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо пойтахти сиёсиву маъмурӣ, балки рамзи эҳёи миллӣ, макони таҷассуми ормонҳои таърихӣ ва саҳнаи бузурги созандагии давлати навини тоҷикон мебошад.
— Пойтахти мамлакат ҳамеша маркази пайванди гузашта, имрӯз ва оянда аст. Дар он решаҳои тамаддуни куҳан, таҷрибаи давлатдории миллӣ, неруи зеҳнии ҷомеа ва самти ҳаракати фардои миллат ба ҳам меоянд. Душанбе имрӯз бо симои нав, руҳи созанда, фазои сулҳу субот, марказҳои илму фарҳанг, роҳу хиёбонҳои обод ва меъмории миллӣ нишон медиҳад, ки истиқлолият барои тоҷикон танҳо воқеаи сиёсӣ нест, балки оғози марҳалаи нави худшиносӣ, масъулият ва бунёдкорист. Аз ин рӯ, сухан гуфтан дар бораи Душанбе, сухан гуфтан дар бораи қалби Тоҷикистон, шарафи давлатдорӣ ва андешаи ояндасози миллати тоҷик аст.
Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид.
Имрӯз ҳар хиште, ки мо ба кохи истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати комили миллии худ мегузорем, бешубҳа, онро таҳкими бештар мебахшад ва он рӯз то рӯз пойдору устувортар мегардад.
Натиҷаи масъулияту ифтихор ва нангу номуси миллӣ буд, ки давоми беш аз се даҳсолаи охири даврони истиқлол шаҳри дилорои Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва кошонаи умеду орзуи тоҷикони дунё, гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, макони ваҳдату созандагӣ ва оинаи пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Душанбе ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Дар ин давра шаҳр аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва инфрасохторӣ пешрафт кард.
Дар замони истиқлол Душанбе ба маркази асосии қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ табдил ёфт. Бояд гуфт, ки ҳама сохторҳои калидии ҳокимият дар пойтахт ҷойгир буда, он ҳамчун маркази сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат амал мекунад. Ин омил боис гардид, ки пойтахт дар таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ нақши калидӣ бозад.
Баробари соҳибистиқлолии кишвар ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Душанбе чун меҳвари рушди давлати навин қомат афрохту беш аз пеш шуҳратёру муҷалло шуд.
Бо ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ бунёд ёфтанд, ки Душанберо ба маркази муосири минтақа табдил доданд.
Пойтахти мамлакат аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино иборат буда, ҳар яке аз ин ноҳияҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободонии шаҳр саҳм мегузоранд.
Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии ҷумҳурӣ меҳмононро бо зебоӣ, амну оромӣ ва меҳмоннавозии хоси худ истиқбол менамояд. Ин таҷассумгари низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародариву якдилии сокинони шаҳр мебошад.
Пойтахти Тоҷикистон — маркази бузурги маънавиёт ва илму маърифат, рамзи истиқлол, сулҳ ва нишонае аз тамаддуни ориёӣ буда, дар байни пойтахтҳои кишварҳои дигар ҷойи намоёнро сазовор гардидааст.
Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳаммияти байналмилалӣ низ касб намуд, ки дар ин росто шаҳри Душанберо ҳамчун макони барқарорсозии сулҳу ваҳдат шуҳратёр кард.
Соли 2004 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Моҳи ноябри соли 2016 пойтахти Тоҷикистон ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди Роҳи Абрешимро дарёфт кард. Ин ҷоиза барои саҳми барҷаста дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ тақдим гардид.
Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи музокироти сиёсӣ, созиш ва ҳамдигарбахшӣ амалӣ гардид, имрӯз ҳамчун яке аз намунаи муваффақи танзими низоъ дар фазои дигар кишварҳо арзёбӣ мешавад.
Дар ин росто бо ифтихормандиву сарафрозӣ метавон гуфт, ки бо ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» далели равшани обрӯву нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон буда, барои боз ҳам таҳкими мавқеъ ва ҷойгоҳи кишвар ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва пешоҳангу ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ заминагузор аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати иҷтимоӣ нақши пойтахтҳо ҳамчун марказҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯз то рӯз меафзояд. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол ба унсури калидии ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.
Солҳои охир пойтахти мамлакат бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбариву роҳнамоӣ ва дар заминаи фаъолияти густурдаву хастагинопазири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, сиёсатмадори ҷавону кордон ва масъулиятшиносу серталаб муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври бесобиқа рушд карда, намо ва бозсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахтамон ба таври назаррас дигаргун карда шуд. Душанбе имрӯз ба макони писандидаи ҷаҳонгардон табдил гардидааст.
Муҳимтарин коре, ки дар рӯзҳои аввали роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маснади Раиси шаҳр анҷом дода шуд, ин таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардидани Нақшаи генералии шаҳри Душанбе мебошад. Тибқи он танҳо дар солҳои 2017 – 2019 сохтмони зиёда аз 752 иншоот амалӣ гардида, аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон зиёда аз 707,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ бунёд гардид.
Дар партави сиёсати хирадмандонаву бобарори Пешвои миллат ва дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаву ташаббускоронаи роҳбари пурғайрат муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанбешаҳр ба марҳилаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона гомҳои устувор гузошта, дар он раванди навсозиҳо бо нигоҳ ва тарҳи муосир босуръат рушд менамояд.
Дар муддати кӯтоҳ биноҳои замонавии маъмурию истиқоматӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, қасру толорҳои муосири варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ бунёд гардидаанд ва бад-ин васила ба Душанбеи азизамон қабои идонаву рангин зам шудаанд.
Хушбахтона, яке аз афзалияти асосӣ дар шаҳрсозӣ нигоҳ доштани анъана ва истифодаи унсурҳои миллии сохтмонӣ пайваста боқӣ мондааст.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 4337 чорабиниҳои гуногун бо таъсиси беш аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шуд.
Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ ба ҳолати 1 июли соли 2026-ум 6559 адад чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 57 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ бо муҷаҳҳазгардонии 513 таҷҳизоти замонавӣ, 27 муассисаи тандурустӣ, 98 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 65 километр роҳ, 51 бинои маъмурӣ, 356 иншооти баландошёна бо 243 маркази хизматрасонӣ, 10 иншооти варзишӣ, 6 меҳмонхона, рангубори 983 бино, таъмиру навсозии 303 нуқтаи партовпартоӣ ва якчанд корҳои дигар бо таъсиси 11 ҳазор ҷойи нави кор амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа иҷрои нақша ба 1,5 маротиба баробар гардид.
Навсозӣ кардан ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду навсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи ҳар шаҳр маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, дар 9 соли охир дар пойтахт беш аз 252 километр роҳҳои нақлиётӣ навсозӣ карда шудаанд, ки 60 километри он ба соли сипаришуда (2025) рост меояд. Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани иншооти соҳа ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 пули автомобилгарду қаторагард, ду роҳи сесатҳа, ду роҳи дусатҳа ва 219 истгоҳи наву замонавӣ таъмир, таҷдид ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Яке аз дастоварди шаҳр дар ин давра ворид намудани автобусу троллейбусҳои муосири ҷамъиятӣ ба пойтахти мамлакат аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон ва ҷорӣ намудани пардохти ғайринақдӣ аз истифодаи он мебошад.
Соли 2018 дар пойтахти мамлакат коргоҳи муштараки Тоҷикистону Туркия — «Акиа Авесто Автоматив Индастри» оид ба истеҳсоли автобусҳои «Акиа» ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳоло ба пойтахт нақлиёти барқӣ (электромобил) ва мототсиклу дучархаҳои барқӣ низ ворид карда шудаанд.
Дар айни замон дар пойтахт 90 электробус (тамғаи Акиа) ва ба тариқи чор ширкатҳои расмии таксӣ «Ковиён», «Олуча-авто», «Эко-таксӣ» ва «Сафо-таксӣ» 13 035 воситаҳои наклиёти сабукрави барқии кирояи Ҷура — таксӣ (таксиҳои электромобил) ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.
Хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тавассути 91 хатсайрҳои мусофирбар ба роҳ монда шудааст, ки аз ин теъдод 33 адад барои автобусҳо ва электробусҳо, 9 адад барои троллейбусҳо ва 49 адади дигар барои микроавтобусҳо мебошад.
Душанбеи имрӯза шаҳри рушдкунандаи индустриалӣ буда, дорои 854 корхонаи саноатӣ мебошад. Пойтахти мамлакат, воқеан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати мамлакат пешоҳанг буда, пайваста дар ин самт аз ҷониби шаҳрдорӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Танҳо дар 9 соли охир бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору пайкори созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 116 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 11 ҳазор ҷойи нави кор бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла, 15 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, чарму пойафзол ва либосҳои дӯзандагӣ, 21 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 7 корхонаи коркарди сангҳои ватанӣ, 4 корхонаи халтаҳои полипропиленӣ, 5 корхонаи мебелбарорӣ, 5 корхонаи таҷҳизоти барқӣ, 12 корхонаи маҳсулоти қаннодӣ, 6 корхонаи маҳсулоти ширӣ, 2 корхонаи маҳсулоти гӯштӣ, 4 корхонаи нӯшокиҳои ташнашикан, 3 корхонаи равғанбарорӣ ва як қатор корхонаҳои дигар мебошанд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Инчунин бо мақсади ба шаҳри пешрафтаву саноатӣ табдил додани пойтахт ва дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ дар шаҳр соли 2019 муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд, ки дар шаш соли фаъолияташ барои амалисозии 81 лоиҳаҳои соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағи умумии беш аз 485 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои хоҷагидорӣ дода шуда, дар ин замина 81 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси 6000 ҷойи нави корӣ бунёд гардид.
Бунёди иншооту кохҳои хуштарҳу муҳташам, боғу гулгаштҳои зебо, меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, ки бо ҳунари волои миллии меъморӣ бунёд ёфтаанд, имконоти хизматрасониҳои Душанбешаҳрро ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонида, боиси муаррифии пойтахти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Дар ин солҳо дар пойтахт биноҳои аз ҷиҳати меъморӣ диққатҷалбкунанда бо унсурҳои миллӣ, ба монанди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, қасрҳо – «Кохи Сомон», «Кохи Наврӯз», «Кохи Ваҳдат», «Кохи Суруш», «Душанбе – Плаза», «Қасри Бахт», «Кохи Парфенон», меҳмонхонаи панҷситорадори «Кроун Плаза Душанбе», Маркази бузурги таомҳои миллӣ «Ош», биноҳои нави Ҳукумати ҷумҳурӣ, Парламенти мамлакат, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Масҷиди Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Телевизиони Душанбе», бинои нави маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)», марказҳои бузурги савдо «Сиёма – молл», «Ёвар», «Рӯдаки Плаза» ва як қатор иншооти дигар сохта шуданд, ки ифтихори ҳар сокини хурду бузурги пойтахт ва боиси муаррифии он дар арсаи ҷаҳон гардидаанд.
«Кохи Наврӯз» аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад.
Душанбе боргоҳи неруҳои бузурги зеҳнӣ буда, рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии он дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, пайкараҳои бошукуҳи алломаҳои оламшумули илму адаб — Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода гаштаанд.
Яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннесс сабт гардидааст.
Дар Душанбе масҷиде бунёд шуд, ки яке аз иншооти боҳашамати меъмории Тоҷикистон ва бузургтарин иншооти соҳа дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар пойтахти мамлакат соли 2022 ба муносибати 31- солагии Истиқлоли давлатӣ Маҷмааи «Майдони Истиқлол» — хонаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон бо рамзи бошукуҳи Истиқлол – нишони истиқлолу озодӣ, хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маҷмааи «Майдони Истиқлол», ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он осорхонаи шаҳр бо нигораву ашёи нодири таърихӣ ҷойгир шудааст, имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати садҳо сокинону меҳмонони хориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси сарбаландии шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, аз бузургтарин махзанҳои илму маърифат дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Нигора ва экспонатҳои осорхонаҳои таърихӣ — кишваршиносии пойтахт, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи мардумшиносӣ, Хона — осорхонаҳои нобиғаҳои илму адаб ва фарҳанги оламшумули тоҷик аз таърихи пурғановат, маданияти қадимӣ ва диёри зебоманзару афсонавии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Соли 2022 дар ошёнаи дуюми Маҷмааи «Майдони Истиқлол» Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд. Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, он марҳалаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад ва дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Ҳангоми даромад ба осорхона диққати бинандаро бештар тахти шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб менамояд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст. Дар атрофи он ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ — Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Ҳулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё, бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудаанд. Тахти шоҳӣ бо тоҷи тиллоӣ рамзи давлатдорӣ буда, бо тилло ва сангҳои қимматбаҳо ороиш дода шудааст.
Нигораҳои осорхона ҳамарӯза доир ба таърихи қадимии Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд.
Толорҳои фарҳангиву консертии Душанбешаҳр инъикосгари тамаддуни оламгири тоҷикон ва санъати бойи мардуми соҳибфарҳанг мебошанд.
Театрҳои давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, театрҳои давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский, ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, театрҳои таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, намунавӣ — миниётурии «Оина», «Лӯхтак», кинотеатрҳои «Ватан», «Зебуннисо», «Наврӯз», толорҳои консертии «Кохи Борбад», «Кохи Ваҳдат», «Кохи Суруш», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Сирки давлатӣ ва Амфитеатри «Аҳорун» на танҳо бо намоишномаҳои оламшумули сатҳи ҷаҳонӣ, балки аз лиҳози санъати меъмории офариниш низ таваҷҷуҳи ҳар шахси тозаворидро ба худ ҷалб мекунанд.
Танҳо давоми ду соли охир дар пойтахти кишвар бо унсурҳои милливу муосир қомат афрохтани биноҳои навбунёди Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим ва Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев аз шахсияти фарҳангиву илмӣ будани шаҳрдор дарак медиҳад.
24 августи соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон рӯйдоди хотирмони таърихӣ ба шумор меравад. Зеро дар ин рӯз дар остонаи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қалби кишвар – шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукуҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна – ду ошёнаи зеризаминӣ ва панҷ ошёнаи рӯизаминӣ иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад.
Театри миллӣ дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст.
Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Андешаи меъморӣ ва ороиши ин кохи ҳунар бо пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди сарчашма гирифтааст.
Воқеан, Душанбе дар солҳои истиқлолият ба маънои том дигаргун шуда, дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст.
Ба симои Душанбешаҳр беш аз 61 гулгашту боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар масоҳати 1080 га зебогии бештарро зам намудаанд. Дар партави муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони шаҳр ба «шаҳри сабз» ва «шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат воқеан Душанбеи имрӯза сарсабзу гулпӯш гардида, бад-ин васила беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии аҳолӣ таъмин шудааст. Танҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар пойтахти мамлакат ҳамасола аз 5 то 6 миллион тухми гули лола шинонида мешавад, ки ба Душанбешаҳрамон ҳусну тароват ва зебоии бештар мебахшанд.
Беҳуда нест, ки Душанбе ҳамчун шаҳри сабз ва ҳамешасабз шинохта мешавад. Тозагии муҳити зист, ободонии кӯчаву маҳаллаҳо ва нигоҳубини боғу гулгаштҳо қисми муҳими фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт ба ҳисоб меравад.
Душанбе шаҳри ҷавону ҷавонон маҳсуб мешавад. Дар айни замон дар пойтахт 27 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 208 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии беш аз 400 ҳазор нафар хонандаву донишҷӯ ва 174 муассисаи томактабӣ амал мекунад.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти серҷабҳаву шаборӯзии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ танҳо давоми солҳои 2017 – 2025 дар пойтахт 61 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 83 ҳазору 952 ҷойи нишаст дар ду баст ва 37 муассисаи томактабӣ бо тарҳи замонавӣ барои 7439 тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҳамзамон давоми солҳои 2017 – 2024 дар пойтахт бо дастгириҳои Раиси шаҳр 347 иншоотҳои соҳаи варзиш, аз қабили Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе, клубҳои байналмилалии Ювентус ва Крокус — фитнес мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳаи варзиш дар ин давра дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зиёда аз 400 чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ доир гардид, ки варзишгарони муваффақи мо дар чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, шарафи варзишии кишварро боз ҳам боло бардоштанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми варзишгарону мухлисони варзиши кишвар аст, ки шаҳри Душанбе давоми солҳои охир на танҳо мизбони ҳамоишҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву байналмилалӣ, балки маркази баргузории бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ низ гардида истодааст. Чунончӣ, моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи байналмилалии «Гранд – Слам Душанбе-2024» оид ба гӯштини ҷудо бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлати ҷаҳон доир гардид, ки эътибори варзиши кишварро дар сатҳи байналмилалӣ дучанд намуд.
Дастоварди дигари нодири соҳа ин дар пойтахти маҳбубамон бунёд гардидани иншооти боҳашамати варзишӣ – Варзишгоҳи миллӣ мебошад.
Варзишгоҳи нави миллӣ 21 августи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Он дар майдони 9,5 гектар доман густурда, намунаи барҷастаи сохтмони муосири кишварамон ба шумор меравад. Варзишгоҳ дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст.
Иншоот мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ФИФА бунёд шуда, ба категорияи 2-юми байналмилалӣ ворид мегардад.
Дар маркази варзишгоҳ майдони муосири футбол бо масоҳати 7 140 метри мураббаъ қарор дорад. Андозаи майдони бозии он 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба талаботи ҳатмии ФИФА барои тамоми бозиҳои байналмилалӣ ва Ҷоми ҷаҳон мутобиқ мебошад.
Дар идомаи тадбирҳои созандагии Пешвои маҳбуби миллат варзишгоҳи муҳташами муосир имконияти Тоҷикистони азизро дар мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва мукаммалсозии дӯстии байни халқу миллатҳои сайёра боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.
Ҷиҳати солимгардонии ҷомеа ва пешгириву табобати шаҳрвандон наздики 900 иншооти варзишӣ, 310 муассисаи табобатию профилактикии сатҳи гуногун ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Дар замони таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддиятҳои геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рузи нахустини таъин гардидан ба масъулияти баланди шаҳрдор ба фаъолияти телевизиону радио бештар мебошад.
Моҳи марти соли 2017 номи Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» иваз карда шуда, он ба пахши дорои сифати баланди HD гузашт. Бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи роҳбарияти шаҳр аз моҳи августи соли 2019 ҳаҷми пахши барномаҳои «Телевизиони Душанбе» аз 12 соат ба 18 соат расонида шуд. Тавассути пахши моҳворавӣ барномаҳои шабака барои тамошобинони хориҷи мамлакат низ дастрас гардид.
Дар ин марҳила иқтидори техникии телевизион низ боло рафта, соли 2019 телевизион бо студияи нави сайёри телевизионӣ таъмин гардид. Студияи сайёр аз се автомашинаи калони махсус иборат буда, бо технологияҳои муосири сабт, пахши мустақим ва ороиши телевизионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он дорои 16 камераи касбӣ буда, имкони мустақиман сабт ва тавассути моҳвора пахш кардани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати Full HD дорад.
Дар заминаи омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 24 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» – ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави телевизион, ки дар маркази пойтахти мамлакат қомат рост намудааст, дорои 80 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, чор студияи телевизионӣ мебошад. Студияҳои телевизионӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти рақамии формати 4К таъмин буда, имкони бо сифати баланди ба меъёрҳои муосири телевизиони ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сабт ва пахш кардани барномаҳоро дорад.
Телевизиони Душанбе солҳои охир дар баробари инъикоси рӯйдодҳои муҳимми дохилӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ, ҳамзамон ғояҳои истиқлоли мамлакат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, худшиносиву ватандӯстӣ, амалҳои бунёдкоронаву созандаи мардуми кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлоли чумҳуриро тарғиб намуда, бар ин васила дар муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саҳмгузор аст.
Имрӯзҳо шаҳрдори пуртаҷриба муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва футуввати хештаншиносӣ ба хотири рушди робитаҳои байнидавлатӣ ва дипломатияи мардумӣ, таҳкими симои мусбати Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ нақши бориз мегузоранд.
Душанбеи азизи мо бо шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёву Африка, Аврупову, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, муносибатҳоро бо шаҳрҳо рушду тавсеа медиҳад.
Душанберо робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои Санъои Яман, Лусакаи Замбия, Монастири Тунис, Лоҳур ва Исломободи Покистон, Клагенфурти Австрия, Боулдери Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ройтлингени Олмон, Мазори Шарифи Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Эрон, Санкт – Петербурги Россия, Мински Беларус, Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Ҳайнани Хитой, Анқараи Туркия, Ашқободи Туркманистон, Бокуи Озарбойҷон, Остонаи Қазоқистон, Давҳаи Қатар ва Бишкеки Қирғизистон мепайвандад, ки дар низоми муносибатҳои банидавлатӣ дастоварди муҳим мебошад.
Дар ин замина бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия, Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, Чэнду, Пекин ва Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт ҳамкориҳои бисёрҷонибаро амалӣ менамояд.
Бояд иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии созишномаи бародаршаҳрӣ васеъ намудан, мустаҳкам гардондан ва ривоҷ додани алоқаҳои байниминтақавӣ дар доираи давлатҳои хориҷӣ, дар заминаи баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн ба шумор рафта, дар ин асос шаҳри Душанбе метавонад имкониятҳои рушди иқтисод, илму техника ва фарҳангии бародаршаҳрҳоро барои мустаҳкам намудани равобити бевосита дар ҳама самтҳо замина гузорад.
Бо роҳбарии ҷавони бунёдкору созанда муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанбе солҳои охир ҳамчун мизбони пайвастаи ҳамоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳтирому эътирофи ҷаҳонӣ имкон дод, ки дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои бузурги бонуфузи аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нишасти Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, Саммити «Муколамаи ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё», конференсияҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028» (сс.2018, 2022, 2024, 2026), конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (соли 2025), форумҳои байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – мероси фарҳангию сайёҳӣ», «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон», «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор», намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025” (Dushanbe International Tourism Exhibition), фестивалҳои байналмилалии кӯдакон «Шукуфаҳои пойтахт» (соли 2021), «Дар меҳмонии Душанбе» (с.2021, 2026), инчунин фестивали тобистонаи «Dushanbe Summer Fest» (с.2018, 2019, 2021, 2026) ва дигар форуму фестивалҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ доир гарданд.
Баргузории чунин ҳамоишу чорабиниҳо дар давраҳои мазкур саривақтӣ буда, ба густариш ва рушду инкишофи робитаҳои байнидавлатӣ, инчунин муаррифии бештари дастоварду навгониҳои пойтахт ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳоло Душанбешаҳр аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер — Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) мебошад.
Соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия ба «Даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ» ва ба «Даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона» арзёбӣ гардидааст.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки зимни ҷаласаи 11-уми Шурои иҷроияи Форуми шаҳрдорони Осиё (моҳи ноябри соли 2025, дар шаҳри Теҳрон доир гардид) шаҳри Душанбе — пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид.
Интихоб шудани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Осиё аз ҷониби кишварҳои аъзои ин ниҳод тасдиқи равшани эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба кишвари мо ва ташаккули имиҷи нави пойтахти Тоҷикистонро ҳамчун маркази фаъоли муколамаи минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ низ инъикос мекунад.
Шаҳри Душанбе бо доштани имконияти тавсеаёбандаи инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мавқеи намоёнро соҳиб гардида, дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиётӣ, 52 меҳмонхона ва 118 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 39 маркази дилхушӣ, 27 бозор ва 125 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 44 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 67 толори варзишӣ, 210 кошонаи ҳусн ва 198 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 13 осорхона, 17 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 94 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 38 мавзеи пойтахт, 378 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Сурӯш», «Парфенон», 77 коргоҳи ҳунармандӣ, 310 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.
Ҳамзамон гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва марказҳои нақлиётӣ фаъолият намуда, маълумоти заруриро ба меҳмонони пойтахт манзур менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 ба Тоҷикистон 2 миллиону 104 ҳазору 703 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардид. Аз ин 1 миллиону 784 ҳазору 430 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 19% зиёд аст. Тибқи арзёбии мутахассисон тақрибан 60% ё 1 070658 нафари онҳо ба Душанбе ворид шуда, аз хизматрасониҳои пойтахт истифода карданд. Танҳо тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Душанбе 3 миллиону 70 ҳазору 539 сайёҳ ба пойтахт омад, ки нисбат ба соли 2024 66,7% зиёд мебошад.
Дар пойтахт баҳри равнақ бахшидани бахши хизматрасонӣ ва муосиру содда гардонидани он, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, системаи камераҳои мушоҳидавии «Шаҳри бехатар», автобусҳои муосири дорои системаи «Wi-Fi» бо низоми корти пластикӣ ва бо тарҳи муосири хизматрасонии шабонарӯзӣ фаъолият доштани таксиҳо, ороиши бадеии кӯчаву хиёбонҳо бо истифода аз дастгоҳу чароғакҳои ороишиву иллюминатсионӣ, барандаҳои рекламавӣ ва ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои электронӣ тариқи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ амалӣ гардида истодааст.
Соли 2019 дар пойтахти мамлакат бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) таъсис дода шуд. Тадбири мазкур шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт буда, барои вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат менамояд.
Ҳоло лоиҳаҳои «Иқтисоди рақамӣ», «Нақлиёти ҳушманд», «Таълими ҳушманд», «Тибби ҳушманд», «Рӯшноии ҳушманд», «Иқтисоди сабз» (Шаҳри сабз), «Харитаи электронӣ» ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми «Шаҳри ҳушманд» роҳандозӣ шудааст. Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе, насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он», «Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе», фаъолсозии «Шаҳри бехатар» ва ғайраҳо аз ҷумлаи корҳоест, ки аз тариқи КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бомуваффақият дар ҳоли иҷро қарор доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 барҳақ баён доштанд: “Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддун ва кишвари олам бе марказҳои тавонои илмиву фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки ҳазорҳо сол қабл аз ин дорои низоми хосаи давлату давлатдорӣ ва пойтахтҳои ободу фарҳангпарвар буд, бо оини деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин бунёди марказҳои бузурги фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст».
Дар пойтахт барои равнақ бахшидани бахши хизматрасонӣ ва муосиру содда гардонидани он, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, системаи камераҳои мушоҳидавии «Шаҳри бехатар», автобусҳои муосири дорои системаи «Wi-Fi» бо низоми корти пластикӣ ва бо тарҳи муосири хизматрасонии шабонарӯзӣ фаъолият доштани таксиҳо, ороиши бадеии кӯчаву хиёбонҳо бо истифода аз дастгоҳу чароғакҳои ороишиву иллюминатсионӣ, барандаҳои рекламавӣ ва ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои электронӣ тариқи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ амалӣ гардида истодааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 барҳақ баён доштанд: «Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддун ва кишвари олам бе марказҳои тавонои илмиву фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки ҳазорҳо сол қабл аз ин дорои низоми хосаи давлату давлатдорӣ ва пойтахтҳои ободу фарҳангпарвар буд, бо оини деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин бунёди марказҳои бузурги фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст».
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ Пешвои миллат дар баробари рушди соҳаҳои мухталиф ба масъалаи ҳифз, эҳё ва рушди арзишҳои миллию тамаддунӣ аҳаммияти хосса зоҳир менамоянд. Ин аст, ки 16 декабри соли 2025 дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо мақсади тақвияти аҳаммияти ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бодарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи он бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро маҳз дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе зарур дониста шуд.
Бе муболиға метавон гуфт, ки нишондиҳандаҳо аз фардои дурахшони пойтахти азизамон башорат медиҳанд.
Душанбеи имрӯза ҳамчун маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри пайвандгари қалбҳо, макони меҳру шавқат, шаҳри дӯстӣ ва сулҳу ваҳдат, шаҳри орзуҳо, макони дӯстии халқҳои сарзамини тоҷикони дунё ва нигине дар қалби Осиё маҳсуб меёбад.
Душанбе ҳамчун маркази бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар рӯзу ҳар соат мешукуфад, таҷдид мегардад ва ободу зебо мешавад ва мо сокинони сарбаланди ин меҳан таҳти сарварии Роҳбари сарсупурдаву соҳибхирад, шаҳрдору шаҳриёр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба суйи бунёдкориҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.
Азму иродаи нек, талошҳои созандаву бунёдкорона ва маҳорати кордонии шаҳрдори соҳибикром муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз қалби Тоҷикистон — пойтахти мамлакатро ба яке аз беҳтарин ва пешрафтатарини ҷаҳон табдил дод, ки он самараи мактаби бузурги камолоту бунёдгузоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пӯшида нест, фарҳанги шаҳрнишинӣ яке аз нишонаҳои муҳими рушди ҷомеа мебошад. Сокини пойтахт будан на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург низ мебошад.
Рисолати имониву инсонӣ, вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номус ва ватандӯсти худшинос бо одоби баланди муошират, эҳтиром ба қонун, нигоҳ доштани тозагӣ, муносибати хуб ба муҳити зист ва меҳмоннавозии худ намунаи хуби шаҳрвандӣ нишон дода, дарк намояд, ки зебоӣ, тозагӣ, ободиву оромӣ ва пешрафти Душанбе аз муносибати масъулиятноки ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар вобаста аст.
Зеро воқеан ҳам гузаштагони мо халқи бунёдкору созанда буда, дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.
Ҳамин тавр хулосаи мантиқӣ ин аст, ки нақши пойтахт дар сарнавишти ҳар миллат танҳо бо мафҳуми маркази маъмурӣ маҳдуд намешавад. Пойтахт хотираи зиндаи давлатдорӣ, оинаи тафаккури сиёсӣ, мактаби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва меҳвари худшиносии миллӣ мебошад. Таърихи тоҷикон аз давраҳои бостонии шаҳрсозӣ то марказҳои бузурги илму тамаддун, аз Суғду Бохтар то Бухорову Самарқанд ва аз мероси Сомониён то Душанбеи соҳибистиқлол гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамеша пойтахтро ҳамчун макони ҷамъомади хирад, қонун, ҳунар, маърифат ва иродаи давлатсозӣ мешинохт.
Аз ин рӯ, Душанбе имрӯз идомаи табиии ҳамон суннати куҳани пойтахтдорӣ буда, дар симои худ на танҳо неруи созандагии давлати муосир, балки рӯҳи таърихӣ ва фарҳанги тамаддунофари тоҷиконро таҷассум менамояд.
Душанбеи дирӯз, имрӯз ва фардо хонаи умеду ормонҳо, манбаи илҳому ифтихор, маркази ваҳдату ҳамбастагӣ, рамзи давлатдорӣ ва сарҷамъӣ, макони пайванди дилҳо ва оинаи дастовардҳои миллат барои тамоми тоҷикону Тоҷикистониёни ҷаҳон мемонад. Барои ҳар як фарди тоҷик ин шаҳр танҳо пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, арзишҳои миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон мебошад.
Пойтахт ҳамчун маркази муттаҳидкунандаи тамоми сокинони мамлакат, новобаста аз минтақа, забон ва миллат, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ нақши беназир дорад. Ҳамзамон, Душанбе барои миллионҳо ҳамватанони бурунмарзӣ рамзи меҳан, хотираҳои ширини кӯдакӣ, манбаи илҳом ва мояи ифтихор буда, онҳоро бо Ватани аҷдодӣ аз лиҳози маънавӣ ва фарҳангӣ мепайвандад. Аз ин рӯ, Душанбе на танҳо маркази сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, балки қалби таппандаи миллат, меҳвари ормонҳои созанда, фазои ташаккули ғояҳои миллӣ ва омили муҳими таҳкими нуфузу обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар чунин замина, рисолати ҳар як шаҳрванди худшинос аз он иборат аст, ки пойтахтро на танҳо ҷойи зист, балки фазои масъулияти миллӣ, фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва андешаи созанда бидонад. Душанбеи имрӯза моро ба покизагии муҳит, эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди илму маърифат, тарбияи насли соҳибмаърифат ва тақвияти рӯҳи ватандӯстӣ даъват мекунад. Зеро пойтахт замоне воқеан бузург мегардад, ки дар он на танҳо биноҳои муҳташам, балки инсони бофарҳанг, ҷомеаи донишмеҳвар, тафаккури масъулиятшинос ва иродаи неки созанда зиндагӣ кунад. Пас, ободии Душанбе ободии андешаи мо, шукуфоии пойтахт шукуфоии давлат ва баландии мақоми он баландии номи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз ва фардост.
Дар ин ҷо ин мисраъҳои Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба ёд меоянд:
Эй Душанбе,
Аз ту оғозу тамоми вусъати мо,
Достони ақлу фазли қудрати мо.
Саргузашти ҳасрати тоҷик дар туст,
Сарнавишти миллати тоҷик дар туст.
Мавсума МУИНӢ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих








Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






