ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 7 октябр, шанбе, 280-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 85 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 7, 2017 09:42

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

7 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия дар рафти бозии хоккей, ки бо иштироки президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Россия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, ҳузур доштанд.

***

Дар ин рӯз, 7 октябри соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликул  ифтитоҳи корхонаи асфалт доир гашт.

***

4 сол қабл, 7 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфта буданд.

 7 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Арманистон- рӯзи китобдор.

 ***

Дар Россия- рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.

***

Дар Массачусетси ИМА- рӯзи пиронсолон.

РӮЙДОДҲО:

7 октябри соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардидааст.

***

7 октябри соли 1925 рӯзи  таъсиси  Нашриёти давлатии Тоҷикистон- «Ирфон» аст.

***

54 сол муқаддам, 7 октябри соли 1963 тӯфони «Флора» дар Гаити ва кишвари Доминикан ба марги 7 190 нафар одам  боис гардид.

***

7 октябри соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.

***

Дар ин рӯз, 7 октябри соли 2001 ИМА амалиёти ҳарбии худро дар Афғонистон оғоз намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1967   Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишасти хеш пешниҳоди ҷорӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

Октябрь 7, 2017 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд