Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Туркманистон Оразмурод Гурбонназаров оғоз бахшида, дар бораи моҳият ва аҳамияти