Дар Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Франсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия баргузор гаштанд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода