ҒАЛАБА МУБОРАК! Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ба Ҷоми Осиё-2018 роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби то 19-солаи футболи Точикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби то 19-солаи Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё соли оянда дар кишвари Индонезия баргузор мешавад.
Мо ин пирӯзиро ба тамоми мухлисони футболи тоҷик муборак мегӯем!
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






