БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ГАРДИД!
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Аз ду паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Акмалиддин Каримов, ки ба даври ниҳоии чемпионат роҳ ёфта буданд, Беҳрӯз тавонист ғолиб омада, соҳиби медали тилло шавад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Саидмӯъмин Раҳимов ҳанӯз соли 1975 чемпиони ҷаҳон аз намуди самбо шуда буд.
Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионат дар Сочи се медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгари дигари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочи медали нуқра ба даст овард. Набимуҳаммад дар рақобатҳо дар вазни 100 кг бар се нафар рақибонаш аз ИМА, Ӯзбекистон ва Камерун дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар финал ин самбочии тоҷик бо чемпиони 5- каратаи ҷаҳон, варзишгари мизбон Артём Осипенко рақобат намуда, бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд ва сазовори медали нуқра гардид.
Медали биринҷӣ дастоварди Сорбон Латифов аст, ки дар риштаи самбои муҳорибавӣ дар вазни 62 кило соҳиби ҷои сеюм шуд.
Ин пирӯзӣ ва комёбии таърихӣ ба тамоми ҳаводорони самбо ва кулли дӯстдорони варзиш муборак бошад!
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






