Дастаи Бонки миллӣ ғолиби Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» гардид

Ноябрь 18, 2017 11:22

ДУШАНБЕ, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дар майдончаҳои хурди Майдони марказии ҷумҳуриявӣ аз 20 октябр то 16 ноябр идома дошт, анҷом ёфт.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур, дар қатори 48 дастаи футболбозони ғайрикасбӣ, дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба комёбии назаррас ноил гардид. Дар  бозии финалӣ, ки 16 ноябр миёни дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ва дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳисоб дар вақти асосӣ кушода нашуд ва баъдан бо силсилаи зарбаҳои шашметра дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 7:6 бар дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб шуд. Ҳамин тариқ, шумораи ҷомҳои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон афзун гашт.

Дар қисмати ҷамъбастии сабқат, ғолибони мусобиқаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода бо Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе», медалу диплом ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардониданд.

Қобили зикр аст, ки унвони «Муҳофизатгари беҳтарин»-и мусобиқаро футболбози дастаи БМТ Акбар Муҳаммедов, «Дарвозабони беҳтарин»-ро Эраҷ Ҳурматов аз дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ, «Ниммуҳофизатгари беҳтарин»-ро Темур Исмоилов аз дастаи «Формула – 55», «Бозингари беҳтарин»-ро Тоҷиддин Саидзода аз дастаи МИҲД шаҳри Душанбе ва «Нишонзани беҳтарин»-ро Рамазон Раҳимзода аз дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ соҳиб гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» бори нахустин гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории сабқати мазкур амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва муайян намудани футболбозони беҳтарин аз байни кормандони идораҳои мазкур мебошад.

 

Ноябрь 18, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид
Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи варзишӣ дар Донишгоҳи Кувайт сазовори ҷойи якум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Тимори Шарқӣ бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд