ФУТБОЛ: «Истиқлол» ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Ноябрь 22, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки аз рӯи натиҷаи ду бозии даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2017 бар дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе пирӯз шуд, ба финал баромад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии ҷавобии ин ду даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардида, бо пирӯзии дастаи мизбон — КМВА «Помир» бо ҳисоби 3:2 ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол» дар бозии аввали даври нимфиналӣ, ки 17 ноябр дар ҳамин варзишгоҳ барпо гардид, бар дастаи меҳмон  КМВА «Помир» — бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ ҳисоб баробар – 3:3 шуд ва бар асоси дастури мусобиқот ду голи дар майдони рақиб задаи «Истиқлол» ба даста пирӯзӣ овард.

Зимнан, ҳарсе голи «Истиқлол» дар ду бозӣ ба ҳамлагар Дилшод Восиев мансуб аст. Ӯ дар бозии аввал голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метра дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум ба ҳадаф расонд. Дар бозии ҷавобӣ ду голи Дилшод Восиев дастаи «Истиқлол»-ро ба финал баровард.

Ноябрь 22, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд