Карим Давлат: «Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқ ва пайванди халқ аст»

Ноябрь 14, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.

Собиқ муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Карим Давлат, ки бо тақозои касби рӯзноманигорӣ  дар чандин сафарҳои дохилии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамроҳ буд, сафаргуфтаҳояшро   дар  китобе   бо номи  «Гулдаста»  ҷамъоварӣ намудааст.    

 Инак, пораеро аз ин  хотирот, ки  дар  боби «Дарвозаи тиллоии Шарқ» -и  китоби мазкур дарҷ гардидааст, пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

 Вазифа ва масъулият  Президенти моро тӯли ин солҳо ба халқ, ба мардум боз ҳам бештару наздиктару қавитар гардонидааст. Аз вохӯрию суҳбат бо одамони одӣ ӯ маъниву ҳалли мушкилоти зиёди зиндагиро дарк менамояд ва пайи амалу ислоҳаш мешавад. Чунин муносибату қадршиносӣ мардумро бо Президент наздиктар гардонида, меҳру муҳаббаташ дар дилу дидаи хурду калон қавитар маъво гирифтааст. Дидам ва медонам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар фурсати муносиб  суҳбату вохӯриро бо мардум дареғ намедорад.

30 январи соли 1999 буд ва шоҳиди мулоқоту ҳодисаҳои наҷибе гардидам. Он рӯз бояд роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ кушода ва аввалин корвони сулҳу Ваҳдат- мошинҳои  пур аз маводи ниёзи  аввалини рӯзгор аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  раҳсипор мешуданд. Ба ин муносибат дар сарҳади ду вилоят- Яхчипуну Яхчисор (Аслан Яхчи Поёну Яхси Сар) бо иштироки Президент,  аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони вазоратҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, корпусҳои дипломатии дар Тоҷикистон будаи мамлакатҳои хориҷӣ ва аҳли илму адаби  кишвар тантанаи бошукӯҳе доир гардид.

Мавзеи Девдара дар ин роҳ асрҳо боз монеаи асосии рафтуомади мардуми кӯҳистони  Хатлону Бадахшон, чун кӯҳи сангӣ аз қаъри дарёи Панҷ то фалак қомат афрохтааст. Ана ҳамин қисмати кӯҳро, мавзее, ки ба ҷуз дев дигар ҳеҷ ҷондоре гузашта наметавонаду мардум Девдарааш ном мондаанд, роҳсозон бояд дар ҳозирии Президент тарконда, ҳамвор менамуданду баъд корвон роҳашро давом медод.

Дар сарҳад, дар соҳили Панҷи ноором субҳ медамид, чашми рӯз оҳиста-оҳиста кушода мешуду пардаи сиёҳӣ ноаён тунук шуда, ҷояшро равшании нилгун мегирифт.Дар ин мавзеъ, дар ин субҳгоҳон дарё кабуд, кӯҳҳо аз санги каб-кабуд,  фазо  ҳам кабуд ва дар маҷмӯъ атроф нилгун менамуд. Саҳар борон борида, ҳанӯз абрҳо  пароканда нашуда буданд. Соат ба 10 наздик мешуд. Ноаён офтоби оламоро пардаи абрҳои борониро пароканда намуд, ин лаҳзаҳо ҳама хушҳол гашта буданд. Иштирокчиёни ин ҷамъомад интизори омад-омади Президент буданд. Ниҳоят, чанд лаҳза пас чархболи Президент фуруд омаду ҳама ба истиқболаш баромаданд.

Пеш-пеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи нави роҳ ба муқобили маҷрои дарё пои пиёда бардам-бардам, ҷасурона қадам мезад. Аз пас вазирону дигар роҳбарон равонанд. Дар ин лаҳзаҳо ӯ Фарҳоди кӯҳканро мемонад. Мо ҷониби офтоббаро равонем, сӯйи тангнои Девдара.

 

Тасодуфро бинед, ки дар тангнои кӯҳ, тавре мегӯянд, аз одаму деҳа бӯю нишоне нест,  аз ҷониби муқобил- Дарвоз  як зану як мард дар даст тугунча  рӯ ба рӯи мо меомаданд.

-Қоҷоқчиҳо омаданд,- кадоме аз ҳамроҳон шунавонд.

-Ҳозир ба дасти Президент меафтанд,- шӯхиомез илова кард дигаре. Ҳама нигарони он будем, ки Пешвои мо бо ин зану мард дар тангнои кӯҳ, ки аз ҷониби рост дарё ва аз чап девори баланди кӯҳи осмонбӯс истодаанд, чӣ гуна вомехӯрда бошанд, чӣ сухане мегуфта бошанд?

-Салом бародар!- даст дароз карда, вохӯрӣ намуд Президент бо мард ва ба зан, ки аз қафои мард меистод, имои салом намуда, пурсон шуд:-Сафарҳо ба хайр?

-Душанбе меравем, — бо ҳаросу тааҷҷуб ҷавоб дод марди роҳ ва ҳис кардем, ки намедонад бо кӣ вохӯрдаасту суҳбат дорад.

-Пойи пиёда? Бо ҳамин роҳи нотамом? О бо мошин равед намешавад-роҳи ағбаи Хобуроботро дар назар дошт Президент.

-Ин роҳи мо авлодист, наздик аст, бобоёну падарони мо бо ҳамин роҳ пиёда харакию аспакӣ рафтуомад доштанд. Нигоҳ карда меистем, ки кай роҳсозон роҳ мекушоянд? Рафтану омадан мегирем.

Дар ҳолате ки дасти  он мард ҳанӯз дар дасти Президент буд, Эмомалӣ Раҳмон ба қафо гашта, ба ҳамроҳонаш- вазирону роҳбарони дигар бо овози баланд гуфт:

-Шунидед, рафиқон, мардуми мо худаш фотеҳ аст, мову шуморо нигоҳ карда, намеистад, ки кай роҳ мекушоему кай кӯпрук месозем. Бо нохуну панҷаи даст ба худаш роҳ мекушояд. Ба инобат гиреду сидқан  аз пайи иҷрои вазифаҳоятон шавед!

Аз чеҳраи кушода, аз рӯҳи болидаи он мард ҳувайдо мегашт, ки  нав  донистааст, ки бо  кӣ вохӯрдааст ва дастони ларзонаш дар дасти кист.

Он рӯз раҳму шафқати раъиятпарваронаи Президент он марду зани пиёдаро то Душанбе ҳамроҳи худ овард ва тавре маълуми ҳамагон  аст, он роҳи камраву касногузар имрӯз ба Шоҳроҳи Ваҳдати зиндагӣ табдил ёфтааст.

Таркондан ва фатҳи Девдараро  нағз дар хотир дорам. Ин воқеаи  муҳим 18 сол пеш  дар ҳузури Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯй дода буд. Бояд тарзе тарконда мешуд, ки ғори сиёҳи Девдара бо сангу кӯррасангҳои азими худ пур мешуд. Чунин таркиш, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер даҳ бал қувват дошт, ҳанӯз дар ягон кишвари олам рӯй надодааст. Девдара  таркид, замину замон ба ларза омад, ҳатто дарёи пуртӯғёни Панҷ ба таҳлука афтоду чун кӯҳи пуранбӯҳ ногаҳон фарх-фарх пора шуда, лаҳзае роҳашро гум карда буд ва маҷрои хешро дарёфт. Вақте дуду чангу ғубори таркиш фазоро печонд, на кӯҳ менамуду на дарё, на заминро медидию на фазоро, ҳама якранг, дунё ба назар тангу тор шуда буд. Баъди ҳама рафъ гаштан дидем, ки Девдара ҳамвору валангор гаштааст. Ҳама қарсак мезаданд, ҳама ба қудрати инсон аҳсан мехонданд. Ана ҳамон лаҳза Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд:

-Акнун Девдара Гулдара шавад!

Ҳамин тавр ҳам шудааст.  Имрӯз он ба Гулдараи ҳақиқӣ шабоҳат дорад. Гулу гулбуттаҳо, арчаву ниҳолони бо тартиб шинонидашуда дар дили сангҳо сабзидаю нашъунамо доранд. Қубури об аз бехи онҳо гузашта, ин мавзеъро сабзу хуррам гардонидааст.

Чанд сол пеш очерки рӯзноманигори соҳибқаламу олими сиёсатшинос Саидмурод Фаттоҳзодаро, ки аз зиндагию фаъолияти сиёсию ҷамъиятии Эмомалӣ Раҳмон ҳикоя мекард, хонда истода, ба худ савол додам, ки чаро онро «Президенти халқ»  номгузорӣ кардааст. Дар ин маврид ифодаҳои ба ҳам монанд мавҷуданд: аз байни халқ баромадааст, ба халқ пайванди ногусастанӣ дорад, фарзанди халқ аст ва ғайра. Ин суханҳо дар ҷои холӣ пайдо намешаванд… «Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин гуна фарзанди халқ аст…..Яъне, ҳамеша бо халқ, дар тӯдаи халқ, пайванди  халқ будааст….», нигоштааст муаллиф.

Воқеан ҳам  Сарвари давлат ба ҳар нуктаву макони кишварамон раванд, аввал бо халқ вомехӯранд, розу ниёзи  мардумро  мешунаванд ва сипас,  андешаву  мулоҳизаҳои худро баён медоранд.

                                                                                               Рухсораи НУР

Ноябрь 14, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад