МАНУЧЕҲР ҶАЛИЛОВ БЕҲТАРИН БОЗИНГАРИ ҶОМИ АФК-2017 ДОНИСТА ШУД!
ДУШАНБЕ, 07.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Ҳуҷумкунандаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар бозиҳои Ҷоми АФК-2017 дар маҷмуъ 9 тӯбро ба ҳадаф расонидааст, беҳтарин бозингари мусобиқа дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон(ФФТ) хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ин муносибат Манучеҳр Ҷалиловро муовини президенти ФФТ Хуршед Мирзо пас аз ба анҷоми Ҷоми Осиё-2017 шодбош гуфта, ба вай туҳфаҳои хотирмон супорид.
Ҳамчунин Хуршед Мирзо ба мухлисони дастаи «Истиқлол» барои дастгириҳояшон дар сабқатҳо, хусусан дар Ҷоми АФК-2017 изҳори миннатдорӣ баён кард.
«Пеш аз ҳама ба мухлисони «Истиқлол» мехоҳам изҳори миннатдорӣ баён кунам, ки ба хотири дастгирии мо ба ин варзишгоҳ омадаанд. Ҳарифонамонро низ бо пирӯзӣ шорбош мегӯям. Барои ман ва дастаамон ин дувумин маротиба аст, ки то финал мебароем, аммо ба ҳадаф намерасем. Ин бозӣ аст ва ҳамааш дар пеш аст. Умедворам, ки минбаъд низ ба бозии финали Ҷоми АФК хоҳем расид ва ғолиб хоҳем шуд»,- зикр намуд ӯ.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми АФК-2017 бо бозии финалӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Эйр Форс-и Ироқ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба анҷом расид. Дар ин бозӣ «Истиқлол» бо ҳисоби 0:1 аз ҳарифаш мағлуб шуд ва соҳиби медалҳои нуқраи мусобиқа гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






