Мавсими футболи соли 2017 дар Тоҷикистон 2 декабр анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври охирини Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расиданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дилшод Восиев, ҳамлагари бомаҳорати дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе тавонист се гол ба ҳадаф расонад. Як голи дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархорро аз зарбаи ҷаримавии 11-метра Хайрулло Азизов ба нишон расонид. Натиҷаи вохӯрии мазкур барои ҳар ду даста муҳим набуд, зеро дастаи футболи «Истиқлол» пеш аз муҳлат бори шашум унвони Чемпионаи Тоҷикистонро соҳиб шуд. Дастаи футболи «Ҳосилот» ҷойи охиринро дар ҷадвали мусобиқа касб намуд ва аз иштирок дар мавсими соли ояндаи Лигаи олӣ маҳрум гардид. Ба ҷойи ин даста соли 2018 ғолиби лигаи якуми мамлакат- дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баромад хоҳад кард.
Зинаи дуюм ва медалҳои нуқраро дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард, ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе гардид.
Ёдовар мешавем, ки мавсими футболи соли 2017 дар Тоҷикистон 2 декабр бо баргузории бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом меёбад. Оғози бозӣ соати 14:00 аст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






