ҲАМААШ АЗ РӮИ ҚОИДА! Шикорчии канадагӣ Брайан Мартин қоидаҳои шикор дар Тоҷикистонро вайрон накардааст

Декабрь 14, 2017 09:25

ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шикори гӯсфанди «Марко Поло» дар Тоҷикистон- як навъи шикори варзишии кӯҳии намуди экзотикии гӯсфанд дар тамоми дунё маҳсуб ёфта, дар кӯҳҳои Помир ҳам он ба роҳ монда шудааст.

Ҳамасола Ҳукумати Тоҷикистон барои шикори гӯсфандҳои кӯҳии «Марко Поло» 80-85 ҳисса (квота) ҷудо мекунад.

Иҷозатнома барои шикори ин навъи ҳайвони нодирро аслан хориҷиҳо харидорӣ мекунанд.

Чанде пеш роҳбари ширкати канадагии «Asian Mountain Outfitters» («Азиатская охотничья экипировка») Брайан Мартин, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва сабти шикори ҳайвони нодирро паҳн сохт, ки он миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо ба амал овард. Вале ба иттилои роҳбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи растаниву олами вуҳуши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Абдуқодир Маскаев, Брайан Мартин ҳеҷ кори ғайриқонуние анҷом надодааст. Шикори ҳайвонҳо дар Тоҷикистон мувофиқи тартиби ҷоринамудаи  Ҳукумати ҶТ тариқи пулакӣ ба роҳ монда шудааст. Нархи иҷозатнома барои шикори гӯсфанди «Марко Поло» 45 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Намояндаи мақомоти ҳифзи табиат арз дошт, ки имсол бо такя ба миқдори муқарраргардидаи квотаҳо, барои шикори 85 сар гӯсфанди «Марко Поло»  иҷозат дода шудааст.

Даромад аз чунин навъи шикор барои беҳсозии шароити муҳити зист, ҳифз ва афзоиш додани саршумори ин навъи чорво равона мешавад. Ба иттилои ӯ, дар мавсими шикор дар ҷумҳурӣ як миқдори муайяни ҳайвонҳои нодир дар доираи қонун маҳв карда мешаванд.

Ин адад хеле кам аст. Мувофиқи қонун, шикори ҳамагӣ 12% аз миқдори умумии ҳайвонҳо иҷозат дода шудааст, вале квотаҳои аз ҷониби давлат пешниҳодшуда ҳамагӣ дар ҳаҷми 0,5 % истифода мешаванд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, роҳандозии шикори расмии ҳайвонҳои нодир метавонад омили пешгирикунандаи шикори ғайриқонунӣ бошад. Барои шикори ғайриқонунии гӯсфандҳои «Марко Поло» ҷаримаи калон пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои мутахассис, нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта, шумораи архарҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ду маротиба бештар гардидааст. Айни ҳол ин шумора ба 23-24 ҳазор сар гӯсфанди кӯҳӣ баробар аст. Мувофиқ ба омори расмӣ, охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта, саршумори ин навъи чорвои ёбоӣ, ки шомили «Китоби сурхи Тоҷикистон» гардида буд, 10-11 ҳазор сарро ташкил медод.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 1 январи соли 2009 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои шикори архар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моратория эълон карда шуд.

Шикори гӯсфанди ёбоии «Марко Поло» дубора моҳи сентябри соли 2010 бо тавсияи Академияи илмҳои ҶТ ба роҳ монда шуд. Иҷозатнома аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дода мешавад. Дохили иҷозатнома маълумот дар бораи қоидаҳои шикор ҷой дода шудааст, ки ҳангоми шикор онро бояд ҳатман бо худ дошт. Дар ҳолати бо худ надоштани ин ҳуҷҷат шикор ғайриқонунӣ дониста мешавад.

А.Маскаев иброз дошт, ки ҳангоми шикор ҳар як шикорчиро назоратчии давлатӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Одамон аз қоидаҳои шикор огоҳ карда мешаванд, онҳо дар мавриди шикори гӯсфанди наринаи аз 8-сола боло хуб иттилоъ доранд. Дар ин синн дар архарҳо давраи баъди маҳсулдеҳӣ оғоз шуда, онҳо ҷисман заиф мегарданду вазни аз меъёр зиёд мегиранд. Ҳамчунин гӯсфандони ин синн қобилияти бордоркуниро аз даст медиҳанд. Ҳайвоноти куҳансол камҳаракат мегарданд, дараҳоро бо душворӣ убур мекунанд, аз ин лиҳоз бештари маврид тӯъмаи гургон мегарданд. Гургҳо дар навбати худ зиёнкорони асосӣ ва маҳвкунандагони ҳайвоноти нодиранд. Дарозии миёнаи умри архарҳо 12 солро ташкил мекунад»,- иброз дошт Маскаев.

Мулоҳизаҳои носазои ҳамватанонамон нисбат ба шикорчӣ, шикорчиёни дигари хориҷиро мегурезонад, дар ҳоле, ки Ҳукумати кишвар барои рушди сайёҳӣ ва пешрафти он дар бозори сайёҳии байналмилалӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.

Барои сайёҳони хориҷӣ кишвари мо маҳз бо шарофати фарҳанги ба худ хос ва ҳайвоноту набототи беназир  ҷолиб аст.

Маълумот: Гӯсфанди кӯҳии «Марко Поло» дар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва ҷануби Сибир паҳн гардидааст. «Марко Поло»  намояндаи бузургтарин гӯсфандҳои ёбоӣ маҳсуб меёбад. Сайёҳони хориҷӣ бо мақсади шикори ин навъи гӯсфанд зуд-зуд ба Тоҷикистон ва Қирғизистон меоянд.

«Марко Поло» -и азимҷуссаву пойдароз, бо шохҳои нисбат ба дигар гӯсфандҳо пуртаъсир, ба хотири сайёҳ ва тоҷири венетсиягии асри XIII Марко Поло, ки аввалин шуда, ба аврупоиҳо аз мавҷуд будани ин навъи гӯсфанд хабар додааст, номгузорӣ гардидааст. Вазни ин ҳайвон 150 кг ва зиёдтар аз онро ташкил намуда, онро асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ дар баландии 4600-5800 м аз сатҳи баҳр вохӯрдан мумкин аст.

 

 

Декабрь 14, 2017 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст