Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар соҳаи маориф ва илм рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Николаевич Иванов ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм муҳокима гардид.
Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов оид ба фаъолияти факултети муштараки Тоҷикистону Беларуси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ихтисосҳои муштараки Тоҷикистону Беларуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баимзорасии Созишнома дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва таъсиси Маркази маълумоти меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Беларус дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ибрози андеша намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.
Зикр шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бояд байни Маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома баста шавад.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Нуриддин Саид пазируфта шуд ва вазир зикр намуд, ки дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ имкон аст чунин як шартномаи дигар ба имзо расонида, ҳамкориро дар ин самт боз ҳам тавсеа бахшанд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






