«БОД ЧАНДИН ЗАМОН БА КОМИ ШУМО…» Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон

Декабрь 5, 2017 16:46

ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон»-таҳти чунин унвон бахшида ба 25 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он бедилшиносони Тоҷикистон ва берун аз он иштирок доштанд.

Зикр шуд, ки Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна, Покистон, Эрон ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсу тоҷикро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафӣ замина гузошта ва дар натиҷаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро қавӣ намуд.

Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад.

Яке аз олимони тоҷик Шамсиддин Муҳаммадиев иброз намуд, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги тоҷикон нақши шоир, мутафаккир ва донишманди деҳлавӣ Мирзо Абдулқодири Бедил басо барҷаста аст. Дар Тоҷикистон таҳқиқи осори Бедил аз устод С. Айнӣ шурӯъ шудааст. Ҳамчунин куллиёти ӯ дар 8 ҷилд ба чоп расидааст, ки дар он саҳми бедилшиноси тоҷик Бобобек Раҳимӣ арзанда  аст.

Бояд зикр намуд, ки Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буда, аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондаанд. Дар  асарҳои Бедил «Дебоча», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот», ки  дар Осиёи Миёна нусхаҳои сершумори дастнависи он мавҷуданд, ақидаҳои тарбиявию ахлоқии шоир бештар намудор мешаванд.

Шоир ба мавзӯъҳои мухталифи зиндагӣ даст зада, одамонро ба накӯкорӣ ва саховатмандӣ, омӯхтани илму ҳунар, касбу кор ва парҳезгорӣ аз бухлу кина, адовату душманӣ ва ниҳоят, нафрат доштан ба ҳар гуна ҷоҳиливу нодонӣ ва бадгӯӣ даъват мекунад.

Шоир дар як ғазалаш гӯё ба мо, имрӯзиён, чунин нидо мекунад:

К-эй ҷаҳон масти даври ҷоми шумо,

Бод чандин замон ба коми шумо!

 

 

Декабрь 5, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст