БОНГИ ИЗТИРОБ: дар ноҳияи Восеъ аъзои як оила аз истеъмоли маводи хӯрокворие, ки дар таркибаш ҳамроҳкунандаҳои кимиёвӣ дошт, заҳролуд шуданд

Декабрь 16, 2017 11:09

ДУШАНБЕ, 16.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Умаралӣ Давлатови 3- сола  яке аз он нафаронест, ки  дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардухтури Беморхонаи марказии  ноҳияи Восеъ Бойназар Тағоев хабар дод.

Ба иттилои сардухтур, шаби 13 декабри соли ҷорӣ, тақрибан соати 20:30 Умаралӣ Давлатовро падараш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона овард. Баъди ташхис маълум гардид, ки номбурда ҳангоми овардан дар роҳ фавтида будааст. Худи ҳамон шаб соати 22:15 боз 4 нафар кӯдак ва модари ин хонавода  дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Баъди пурсишҳо ва ташхисҳои мутахассисони беморхона маълум гардид, ки аъзои ин хонавода баъд аз истеъмоли ҳасиб ба чунин ҳолат афтодаанд. Айни ҳол саломатии 5 нафар аъзои ин хонавода дар ҳолати  муътадил қарор дошта, субҳи имрӯз онҳо аз беморхона ҷавоб дода шуданд.

Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршоҳ  Ишратов, баъд аз ҳодисаи дар ноҳияи Восеъ рухдода аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаврии корӣ ташкил гардид. Мутахассисони тиб беморонро ташхис намуда, ҳамчунин аз хонаи онҳо низ дидан карданд.

Аз тамоми маводи хӯроквории ин хонадон барои санҷиши озмоишгоҳӣ намуна гирифта шуд. Дар айни ҳол ин намунаҳои хӯрокворӣ дар озмоишгоҳи  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди санҷиш қарор доранд. Тибқи маълумоти пешакии мутахассисони соҳаи тиб, сабаби асосии ин заҳролудшавӣ истеъмоли маводи хӯроквориест, ки дар таркибашон ҳамроҳкунандаҳои кимиёвӣ доштаанд.

Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти мазкур Зоиршоҳ  Ишратов,  соли равон аз ҳисоби заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ 17 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Хабарнигорони мо ҳодисаи мазкурро пайгирӣ намуда, рӯзҳои наздик аз ҷараёни он маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд.

                                                                  Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

                                                                          АМИТ “Ховар”

 

                                                                                                                                                                   Дар айни замон…

Маҳсулоти зиёди муҳлатгузашта аз муомилот боздошта шуд

 Кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ  дар қаламрави мамлакат танҳо давоми як ҳафта- аз 1 то 8 декабр дар маҷмӯъ 27 ҳазор кг, аз ҷумла,  14 ҳазору 143 килограмм гӯшти мурғ, 860 кг гӯшти гов, 970 кг гӯшти қима ва ба ҳамин зайл дигар номгӯй маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлаташон гузаштаро аз муомилот боздоштанд.

Дар ин бора муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ Ҷӯрахон Бобохонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли равон зиёда аз 400 ҳазор кг, аз ҷумла, 240 кг маҳсулоти хӯрокӣ ва нӯшокӣ дар намуди бозича аз муомилот боз дошта шуданд.

Ин нишондоди танҳо як ниҳоди назоратист,  пас дар маҷмӯъ чӣ қадар маҳсулоти зараровар дар бозорҳои кишвар ҷой доранд? Ин саволест, ки ҳисобу китоби зиёдро тақозо мекунад.

То он даме, ки Роҳбари давлат аз каммасъулиятии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар самти бозори фурӯши молу маҳсулот интиқод накарданд, ин гуна маҳсулоти озуқаворӣ бозоргузар буд. Ҳамарӯза ҳазорон нафар аз ин гуна маводи бешубҳа ба саломатии ҳар истифодабаранда  хатарнокро харидорӣ мекарданд.

Ҳарчанд ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу саломатии истеъмолгарон як зумра тадбирҳоро амалӣ намуд ва чандин  меъёру регламентҳои техникиро ҷиҳати пешгирии воридшавии молу маҳсулоти ғайристандартӣ дар Тоҷикистон  қабул кард, аммо каммасъулиятии ниҳодҳои дахлдор амалишавии чунин тадбирҳоро зери суол бурда буд. Ин шабу рӯзҳо ҳар ниҳоди дахлдор дар алоҳидагӣ аз муваффақияти худ дар самти мубориза бар зидди гардиши маҳсулоти ғизоии ғайристандартиву зиёновар хабар медиҳад, аммо то ин дам барои иҷрои вазифаи корияшон  кадом омил садди роҳашон мешуд, муаммои сарбастаро мемонад. Вале муҳим он аст, ки феълан дар саросари кишвар поксозии растаҳои бозору мағозаҳо аз ин гуна маҳсулот бомаром ҷараён дорад ва тадбирҳо дар самти таъмини ҳуқуқи истеъмолгарон ҷоннок  гардидааст.

                                                                              Мавҷуда АНВАРӢ,

                                                                                  АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 16, 2017 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид