Дар Кӯлоб назорати маводи хӯрокиро пурзӯр намуданд

Декабрь 5, 2017 15:26

КӮЛОБ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амнияти  озуқавории мамлакат ва таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокии хушсифат,  аз қабили гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани растанӣ, намаки  ошӣ ва дигар  маҳсулоти ғизоӣ  аз тарафи  раёсати  Назорати  давлатии  байтории минтақаи Кӯлоб  санҷиш гузаронида шуд. Тавре  муовини сардори раёсат Саттор Камолов иттилоъ дод, дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб моҳе   ду маротиба маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, гӯшти мурғи воридотӣ ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ дар   озмоишгоҳ аз ташхис гузаронида  мешаванд.

Ба иттилои С. Камолов, дар давоми 11 моҳи соли равон дар натиҷаи санҷиш  1 тоннаю 136 кг   гӯшти гов, 469 кг гӯшти гӯсфанд, 180 кг гӯшти мурғ, 424 литр шир ва маҳсулоти ширӣ,  1480  дона тухм,  1540 кг ҳасибҳои гуногун ва 1740 кг  маҳсулоти полезии бесифат нобуд карда шуданд.

Айни ҳол аз ҷониби  кормандони раёсат дар бозорҳои марказӣ, мағозаҳо, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ санҷишҳои муштарак  гузаронида шуда, маҳсулоти бесифат аз муомилот  гирифта мешаванд. Фурӯшандагоне, ки ин гуна маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, ҷарима  карда мешаванд.

Декабрь 5, 2017 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад