Эмомалӣ Раҳмон: «Аҳли ҷомеаро бояд ба муассисаҳои фарҳангӣ ҳарчи бештар ҷалб намуд»

Декабрь 22, 2017 13:53

ДУШАНБЕ, 22.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис дода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода пурра аз таъмири асосӣ бароварда, оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар ташкил карда шуд. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 декабр зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар баробари ин, дар хориҷи кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дастур доданд, ки Вазорати фарҳанг дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд.

«Ҳамчунин моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем»,-баён дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба таъкиди Пешвои миллат, бояд аҳли ҷомеа ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб шаванд ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Декабрь 22, 2017 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад