ФУТБОЛ: ду дастаи Аврупо Парвизҷон Умарбоевро ба дастаашон ҷалб карданиянд

Декабрь 6, 2017 11:17

ДУШАНБЕ, 06.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бозингари шинохтаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ва дастаи футболи «Локомотив Пловдив»-и Булғория Парвизҷон Умарбоев шояд мавсими оянда дар яке аз бошгоҳҳое, ки дар мусобиқаи Лигаи Аврупо ҳунарнамоӣ мекунанд, бозӣ кунад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ба гуфтаи падари ин бозингар, ки мураббии дастаи футболи «Регар-ТадАз»-и Турсунзода мебошад, ба ғайр аз дастаи футболи  «Остона»-и Қазоқистон, боз ду бошгоҳи Аврупо хостори харидории Парвизҷон шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки директори бошгоҳи «Локомотив» Христо Бонев мехоҳад боз чанд мавсими дигар бо Парвизҷон Умарбоев созишнома бандад.

 

Декабрь 6, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд