Кормандони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ бо ҳам футболи хурд мебозанд

Декабрь 5, 2017 16:24

ХОРУҒ, 5.12.2017 /АМИТ “Ховар”/. Раёсати ҷавонон ва варзиш дар ҳамдастӣ бо  Бахши вилоятии Федератсияи футбол дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ  байни кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию хусусӣ   мусобиқа аз намуди футболи хурдро ба роҳ мондаанд.  Барои  ширкат дар ин сабқат 22  даста дархост пешниҳод карданд. Ба гуфтаи раиси бахши вилоятии Федератсияи футбол  Аноятшо Аноятшоев, “дар мусобиқа синни варзишгарон ба инобат гирифта намешавад.  Мутобиқи феҳристе, ки дастаҳо ба мо пешниҳод кардаанд, хурдтарин бозингар 18 сол дорад ва калонтаринашон аз 60- сола болост. Мақсади мо рушди ҳарчӣ бештари ин намуди варзиш  ва ба ин васила, таъсис додани дастаи мунтахаби касбӣ ва роҳхат гирифтан ба лигаи олии футболи мамлакат мебошад. Зеро то имрӯз ягон даста на дар лигаи миёна ва на дар олӣ ҳузур надорад. Умедворем, ки аз баҳори соли оянда дастаи мунтахаби Бадахшон низ ба сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ворид мегардад”.

Мусобиқа рӯзи шанбеи ҳар ҳафта гузаронида шуда, то моҳи март идома меёбад. Баъди панҷумин даври мусобиқа дастаҳои “Нақлиёт”  ва  “Помирэнерҷӣ” дар сархати ҷадвал қарор доранд. Дастаи бозори “20- солагии истиқлолият” мақоми сеюмро ишғол мекунад. Дастаҳои “Тселл” ва “Раёсати ҳифзи муҳити зист” дар поёни ҷадвали мусобиқа ҷо гирифтаанд.

Декабрь 5, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад