Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал танзим мешавад
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, орду равған, гӯшту шир, меваю сабзавот ва ғайраҳоро дар бозорҳои пойтахт танзим менамояд, то дар фасли зимистон сокинону меҳмонони пойтахт барои дастрасии ин маҳсулот ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, вакилон ҷараёни татбиқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе»-ро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.
Зимни ҷамъбасти масъалаи мазкур дар ин иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор кард, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзӣ, равған, орд, ангишт ва ҳезум ҳамкориро барои захира намудани ин маҳсулот бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.
Раиси шаҳр ҳамчунин сохторҳои марбутаро дар якҷоягӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор намуд, ки бобати ташкил намудани нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар асоси қарори дахлдор роҳбарону масъулони раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бозорҳои коммуналӣ барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва соҳибкорону тоҷирон барои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар ҳудуди бозорҳояшон шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намуданд.
Ҳамзамон масъулин барои аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил намудани нуқтаҳои алоҳида барои ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор гардиданд.
Инчунин ба зиммаи раисони ноҳияҳо ва Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва «Тоҷикматлубот» дар рӯзҳои истироҳат- шанбею якшанбе дар ҷойҳои муқарраршуда ташкил намудани чунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ вогузор гардидааст.
Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» Фаррух Хушвахтов зикр кард, аз ҷониби корхонаи мазкур то 5 декабри соли равон 1473, 0 тонна картошка, 2798,1 пиёз, 100 тонна равған захира шудааст.
Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки то охири сол иловатан 1500 тонна картошка, 100 тонна равған, 200 тонна биринҷ ва на камтар аз 1500 тонна сабзӣ захира карда шавад.
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нарху наво дар бозорҳои пойтахт ҷараёни савдоро дар бозори «Меҳргон», КВД «Бозори деҳқон» ва Саховат» ба мушоҳида гирифтем.
Дар ҳақиқат, дар назди ҳамаи ин бозорҳо нуқтаҳои алоҳида барои ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил шудаанд. Зимни боздиди мо аз бозорҳои мазкур дар назди ин нуқтаҳои савдо мардуми зиёд ба харид машғул буданд ва зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чандон боло нарафтааст.
Тавре худи мо низ мушоҳида кардем, дар ҳақиқат дар «Бозори деҳқон» дар қиёс ба соли пешин нархҳои маҳсулоти зикршуда чандон боло нарафтаанд. Масалан, агар дар ҳамин давраи соли 2016 як халта орди навъи якум 152 сомонӣ арзиш дошт, имсол нархи он 160-165 сомонӣ, гӯшт- 31-32 сомонӣ буд, имсол 36 сомонӣ, шакар — 6,60 сомонӣ буд, имсол 7 сомонӣ нарх доранд.
Агар 1 дона тухм соли 2016 62 дирам нарх дошт, имсол нархи он 70-80 дирам ва шир мисли соли пешин 3-4 сомонӣ нарх доранд. Нархи биринҷ ҳам тафовути зиёд надошта, имсол вобаста ба сифаташ аз 5 то 12 сомонӣ нарх дорад.
«Дар нархи баъзе аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин ҳатто поёнравӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Масалан, соли гузашта дар ҳамин моҳ 1 кг картошка 4-5 сомонӣ фурӯхта мешуд, нархи фурӯши он имрӯз аз 2, 80 то 3 сомониро ташкил медиҳад. Пиёз 2,5-3 сомонӣ, сабзӣ 1-1, 5 сомонӣ, карам 50-70 дирам, гулкарам 2-2,5 сомонӣ, себу нок ва хурмо вобаста ба сифаташон аз 3 то 7 сомонӣ фурӯхта мешаванд»,- зикр карданд савдогарони бозор.
Ин гуфтаи савдогаронро харидорон ҳам тасдиқ намуда, иброз доштанд, ки нарху навои бозори мазкур назар ба дигар бозорҳо арзонтар аст. Зеро дар ин бозор маҳсулот аз дасти худи деҳқонон ва боз ба ибораи савдогарон аз «дасти якум» харида мешаванд. Бинобар ин аксари аҳолии пойтахт барои харид намудан ба ин бозор меоянд. Ба ғайр аз ин дар ин бозор, ки маҳсулоти кишоварзӣ фаровон аст, харидорон имкони интихоби маҳсулоти беҳтарро доранд.
Дар чанд гӯшаи «Бозори Саховат» низ барои гузаронидани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нуқтаҳои махсуси савдо ҷудо гардидаанд, ки тибқи қарордод худи кишоварзон маҳсулоташонро ба ин ҷо оварда мефурӯшанд.
Аз пардохти маблағҳои яквақта озод гардидани онҳо ба боло нарафтани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар бозори мазкур сабаб гардидааст. Нарху навои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар ин бозор аз нархҳои «Бозори Деҳқон» қариб ки фарқ надошт. Фарқ фақат дар он аст, ки тавре гуфтем, дар «Бозори Деҳқон» назар ба «Бозори Саховат» номгӯи маҳсулот зиёд ва фаровон аст, ки ин ба харидорон барои интихоби маҳсулот имконият медиҳад.
Вазъи нарху наво дар бозори «Меҳргон», ки аксари савдогарони собиқ «Бозори Шоҳмансур» барои идомаи тиҷорат дар ин бозор ҷойгир шудаанд, аз ду бозори дигар чандон фарқият надошт. Бояд ёдовар шуд, дар ин бозор, ки бо тарҳи муосир сохта шудаасту ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, барои савдогарон ва нигоҳ доштани молу маҳсулоти онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Зиёд гардидани марказҳои наву замонавии савдо дар пойтахт, ба монанди «Ашан», «Пайкар», «Рӯдакӣ –Плаза», «Ёвар», «Садбарг» ва бозори фурӯши маҳсулоти яклухти «Фаровон» то андозае барои боло нарафтани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар пойтахт мусоидат намуд.
Хотиррасон менамоем, ки фаровонии меваю сабзавоти имсола имкон дод, ки нарху наво дар бозорҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат коҳиш ёбад. Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ сабаб гаштаанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳосилнокии зироати кишоварзӣ баланд ва маҳсулоти он фаровон шавад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 4 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳосили 31 ҳазору 20 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 882 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 800 ҳазору 205 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 39 ҳазору 680 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар га 258 сентнерро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот пиёз 393 ҳазору 505 тонна, карам 22 ҳазору 752 тонна, помидор 144 ҳазору 81 тонна, бодиринг 49 ҳазору 498 тонна, сабзӣ 90 ҳазору 466 тонна ва дигар сабзавот 99 ҳазору 903 тоннаро ташкил дод.
Бояд зикр кард, ки имсол истеҳсоли ҳосили фаровони меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар бозорҳои мамлакат нархи бештари маҳсулот, чун себ, нок, помидор, карам, пиёз, сабзӣ рӯ ба арзонӣ оранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»