МАРҲАМАТ БА ЯРМАРКАҲОИ СОЛИНАВӢ! Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати бо маҳсулоти арзону хушсифат таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахт қарор ба имзо расонд

Декабрь 16, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 16.12.2017./АМИТ “Ховар”/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  иди Соли нави 2018 ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе  бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ  аз 20 то 30-уми декабр   дар пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ доир карда мешаванд. Дар ин бора 15 декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд.

Тибқи қарори мазкур дар ин рӯзҳо дар ҷойҳои зерин ярмаркаҳо барпо када мешаванд:

таваққуфгоҳи назди Бозори «Меҳргон», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

— кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (шафати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),  аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

— майдончаи назди бозори «Ховарон», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

— майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

— майдончаи назди бозори «Ёвар», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдаки, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

— қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби    муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот».

Мутобиқи банди дуюми қарори Раиси шаҳри Душанбе аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» хоҳиш карда шудааст, ки иштироки фаъолонаи хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи худро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.

Тибқи банди сеюми қарор раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ  вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ  ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ, ки дар ярмарка фаъолона ширкат варзидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Декабрь 16, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд