Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи олии «Фарҳанг ва саёҳат» дар Чин

Декабрь 12, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 8-10-уми декабри соли 2017 дар шаҳри Саняи музофоти Хайнан бо ташаббуси Кумитаи таблиғотии Ҳизби коммунистии Ҳукумати шаҳри Саня ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, телевизион ва радиошунавонӣ, матбуот ва варзиши шаҳри Саня ва Раёсати тиҷорати шаҳри Саня дар доираи дуюмин ЭКСПО-и байналмилалии саноати фарҳангӣ-2017 Форуми байналмилалии сатҳи олии «Фарҳанг ва сайёҳат» доир гардид, ки дар он зиёда аз 500 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар форум аз намояндагони сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат сафирони Тоҷикистон, Арманистон, Руминия ва Юнон даъват шуда буданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо истифода аз Форуми мазкур бо маърӯзаи пурмуҳтаво ва наворҳои таблиғотӣ сухан гуфта, ба иштироккунандагон ҷазобат ва имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон, инчунин ҷанбаҳои гуногуни сармоягузории кишварро муаррифӣ намуд.

Декабрь 12, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид