МУСУЛМОНОН БОЯД АЗ ХУРОФОТ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАСТ КАШАНД. Дар Душанбе рӯнамоии китоб оид ба омилҳои рушд ва таназзули ҷаҳони ислом доир гардид
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. “Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад”, — бо чунин матлаъ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шудааст китоби тозанашри номзади илмҳои таърих, шарқшинос, ходими сиёсию ҷамъиятӣ Давлаталӣ Давлатзода бо номи «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул», ки муаррифии он имрӯз дар толори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар расмии муаррифии китоб вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, сардабири моҳномаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, нависанда Абдулҳамид Самад, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода ва дигарон ширкат варзиданд.
 Нишасти матбуотиро президенти АИТ академик Ф. Раҳимӣ оғоз бахшида, китобро аз ҷиҳати таърихӣ пурарзиш, аз ҷиҳати забонӣ бенуқсон, аз ҷиҳати донишҳое, ки дар он гирдоварӣ шудаанд, беназир номида, оид ба мазмуну муҳтавои он маълумоти мухтасар дод.Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба арзиши маънавии ин асар андешаҳои худро баён карда, пешниҳод намуд, ки асари номбурда   бояд ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда шавад.
Нишасти матбуотиро президенти АИТ академик Ф. Раҳимӣ оғоз бахшида, китобро аз ҷиҳати таърихӣ пурарзиш, аз ҷиҳати забонӣ бенуқсон, аз ҷиҳати донишҳое, ки дар он гирдоварӣ шудаанд, беназир номида, оид ба мазмуну муҳтавои он маълумоти мухтасар дод.Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба арзиши маънавии ин асар андешаҳои худро баён карда, пешниҳод намуд, ки асари номбурда   бояд ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда шавад.
Сардабири моҳномаи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода дар оғози суханронӣ чанд байт аз Фирдавсӣ қироат кард, ки дар онҳо пайванди дину дониш нишон дода мешуд. Номбурда иброз дошт, ки ҳамеша дину дониш дар паҳлӯи ҳам қарор доштанд ва яке бе дигаре тасаввурнопазир аст. Рустам Ваххобзода дар давоми сухани худ гуфт, ки «бо хондани сарлавҳаҳои китоб метавон бо аҳамияти фавқулодаи он сарфаҳм рафт. Ин китоб дар навъи худ як муқаддимаест барои таърихи илмии ислом, хусусан исломи Мовароуннаҳр ва он метавонад чанд ҷилди дигар идома пайдо кунад».
 Муаллифи асари пурарзиши «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» Давлаталӣ Давлатзода дар мавриди сабаби таълифи асар гуфт, ки ин китоб ҷавобест ба олимони Ғарб, ки онҳо исломро монеаи мусулмонон мегӯянд. Мувофиқи гуфтаи ӯ, «ин амал кӯшишест барои муайян кардани омилҳое, ки барои пешрафти тамаддуни исломӣ мусоидат намуда буданд ва ҳамчунин ошкор намудани он сабабҳое, ки боиси таназзул дар ҷаҳони ислом шуданд. То ҳуҷуми муғулҳо пешрафтатарин тамаддун тамаддуни мусулмонҳо буд. Агар дастовардҳои олимони мусулмон намебуданд, имрӯз инсоният ба кайҳон намебаромад».
 Муаллифи асари пурарзиши «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» Давлаталӣ Давлатзода дар мавриди сабаби таълифи асар гуфт, ки ин китоб ҷавобест ба олимони Ғарб, ки онҳо исломро монеаи мусулмонон мегӯянд. Мувофиқи гуфтаи ӯ, «ин амал кӯшишест барои муайян кардани омилҳое, ки барои пешрафти тамаддуни исломӣ мусоидат намуда буданд ва ҳамчунин ошкор намудани он сабабҳое, ки боиси таназзул дар ҷаҳони ислом шуданд. То ҳуҷуми муғулҳо пешрафтатарин тамаддун тамаддуни мусулмонҳо буд. Агар дастовардҳои олимони мусулмон намебуданд, имрӯз инсоният ба кайҳон намебаромад».
Бояд зикр кард, ки муаллифи китоби нави «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» Давлаталӣ Давлатзода солҳои зиёд дар кишварҳои Шарқи Араб – Миср ва Сурия кору зиндагӣ кардааст. Мавсуф дар ин китоб оид ба дирӯзу имрӯзи ҳаёти мусулмонон сухан гуфта. сабабҳои ташаккул ва таназзули тамаддуни исломиро бо овардани далелҳо ба хонанда нишон додааст. Дар таълифи асар аз 73 сарчашма ва Қуръону ҳадисҳо иқтибосҳо оварда шудаанд.
Китоби мазкур бо қарори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст. Нашри асар саривақтӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст. Тавре дар муқаддимаи китоб омадааст:»Ҷамъияти мусулмонон донишу истеъдоди худро на барои зӯроварию ифротгароӣ, балки барои амали нек, рафтору кирдори шоиста дар рушди илму фарҳанги ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кор баранд. Таълифи ин китоб қадаме мебошад барои саҳме гузоштан дар амалӣ намудани ин мақсадҳо».









 
						





 Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад Таҳти унвони  «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд
Таҳти унвони  «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ  оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ  оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд Дар  Екатеринбург  вохӯрии  масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид
Дар  Екатеринбург  вохӯрии  масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  иштирок намуд Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд ОГОҲӢ! Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон  чангу ғубор ба амал меояд
ОГОҲӢ! Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон  чангу ғубор ба амал меояд МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид»
МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид» Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид 
									 
									 
									 
									 
									





