Олимҷон Салимзода бо намояндагони Қирғизистон оид ба масъалаи гузаштан ба пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радио суҳбат кард

Декабрь 6, 2017 10:03

ДУШАНБЕ, 06.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода бо намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон- муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон Айнура Темурбекова ва муовини раиси кумитаи давлатии иттилоот ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Эшмамбет  Аметов, роҳбари бахши иттилоотии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илгар Иброҳимӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома»  Шаҳло Акобирова бо мақсади таҳкими ҳамкории  судманди дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг ва иттилоот мулоқот намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мулоқот бештар ба масъалаи  гузаштан ба пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радио дар минтақа диққати махсус дода шуд.

Зимни суҳбати судманду самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ гузашт, Олимҷон Салимзода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.

«Бинобар ин, ин дастгоҳи муқтадири иттилоотӣ дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин рӯйдоду навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад»,–иброз намуд Олимҷон Салимзода.

Изҳор гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳими воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ шабакаҳои иттилоотии мамлакат хеле рушд карда, имрӯз инфрасохтори соҳа ба шароит ва талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст.

«Имрӯз тамоми техникаву таҷҳизоти шабакаҳо дар Тоҷикистон рақамӣ буда, сифати баландтарини тасвирро таъмин мекунанд ва барои тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун шароити беҳтаринро фароҳам оварда метавонанд», — иброз дошт Олимҷон Салимзода.

Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Декабрь 6, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид