Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад»

Декабрь 22, 2017 14:14

ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори «Кохи Сомон» ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардид.  Пешвои миллат дар бораи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти неруи барқ зикр карданд, ки «лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз кӯҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд».

Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, ҳамчунин бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ дар Тоҷикистон идома дорад.  Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст».

Илова бар ин, ҳоло барои навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст.

Пешвои миллат ҳамчунин таъкид карданд, ки «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад».

Зимнан бояд зикр намуд, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати пешгирифта маҳдудияти таъминоти неруи барқ пурра аз байн бардошта шудааст: «Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин намоем».

Сарвари давлат мақомоти дахлдор ва сокинони мамлакатро барои истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ ҳидоят намуда, зикр карданд, ки нархи неруи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле арзон аст: «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла, тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки доир ба такмили низоми ташкиливу идоракунии таъминот бо барқ, аз ҷумла, оид ба таҷдиди сохтори Ширкати «Барқи Тоҷик», баҳисобгирӣ, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи он тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем».

«Тарифи миёнаи як киловатт-соат неруи барқ ба аҳолӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон 30 дирам, Россия 38-40 дирам, Беларус 44-45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон — 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла, Дания, Германия, Белгия ва дигарҳо ҳатто 2,8-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи як киловатт-соат барқ ҳамагӣ 17 дирамро ташкил медиҳад».

Декабрь 22, 2017 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи сарчашмаҳои ҳаёт дар заминаи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад