«Пешвои миллат ва навтарин бозтоби тоҷикшиносӣ», «Ноҳияи Темурмалик. Зиндагӣ ранги дигар мегирад», — шарҳи матбуот

Декабрь 7, 2017 15:44

ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи  равон кадом  воқеаву  рӯйдод аз   ҳаёти сиёсиву  иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии мамлакат  мавзӯи меҳварӣ дар    саҳифаҳои   рӯзномаву ҳафтаномаҳо  ва  кадоме  аз ин матолиб ҷолибтару хонданӣ барои хонандагон маҳсуб мешуд?   Доир ба ин мавзӯъ  шарҳи  матбуот аз АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад. 

Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» (05.12.2017, №248 )  дар саҳифаи аввали ин шумора  мақолаи дотсенти
кафедраи забони тоҷикии ДДХ  ба номи академик Б. Ғафуров Мӯсо Олимҷоновро  таҳти унвони «Пешвои миллат ва навтарин бозтоби тоҷикшиносӣ»  ба нашр расонидааст.

 

Муаллиф дар ин  мавод  доир ба моҳияти  китоби   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҳти унвони «Забони миллат — ҳастии миллат» ибрози андеша  намудааст. Мавсуф, аз ҷумла, чунин нигоштааст: «Сарвари давлат аз истиқлолият ва имкониятҳои он барои худшиносиву худогоҳии миллӣ сухан карда, ба бардоште мерасанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи забон ва эҳтирому арҷгузории он ба ҳадде мубрам гардид, ки «онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид». Аз дигар тараф, маҳз истиқлолият имкон фароҳам овард, ки «омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дӯстон» ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем».

Дар ин саҳифаи рӯзнома ҳамчунин дар баробари нашри Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи таъйини кадрҳо ба вазифаҳои давлатӣ  ва  хабарҳои нав, мақолаи раиси ноҳияи Темурмалик Эмомиддин Аслзодаро  зери сарлавҳаи «Ноҳияи Темурмалик. Зиндагӣ ранги дигар мегирад» ба табъ расидааст. Эмомиддин Аслзода дар ин мақола дастовардҳои ноҳияро дар соли равон шарҳ дода, аз ҷумла, чунин зикр кардааст: «Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар маркази ноҳия биноҳои қасри фарҳанг, маҷмааи варзишӣ, хобгоҳ барои 150 нафар хонандаи лаёқатманд дар назди гимназияи давлатӣ ва бинои нави шуъбаи амният қомат афрохтанд.

Дар ин давра лоиҳаҳои бунёди гармхонаи таҷрибавӣ — истеҳсолӣ, таъсиси маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ, харидани таҷҳизот барои бунёди коргоҳи мевахушккунӣ дар Ҷамоати шаҳраки Совет, дастрасии мардуми Ҷамоати деҳоти Танобчӣ ба оби полезӣ ва ташкили маркази техникаи кишоварзиро дар назди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба маблағи 162,1 ҳазор доллар таҳия ва ба озмунҳо пешниҳод намудем, ки айни ҳол амалӣ шудаанд. Инчунин лоиҳаи «Таъсиси гармхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Темурмалик», ки ташкилоти ҷамъиятии «Бону» ба маблағи 18,9 ҳазор доллар пешниҳод намуд, дастгирӣ ёфта, сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист».

«Сарфаи барқ. Чанд манфиати як иқдом»,  «ДДК. Аз шинохти рисолат то эҳсоси масъулият», «Сайёҳӣ. Таъмини имтиёзҳои қонунӣ дар ин самт»,    «Мо аз Ватани худ ифтихор дорем!», «Суғд. Як ҷаласаи муҳим»,  «Соли 2018. Оғози фаъолият дар ҷодаи ҳалли масоили об»,     «Дарвоз. Рӯ ба рушд»,   «Ноқили Талко. Ба ояндаи дурахшон бовар дорем!» аз ҷумлаи маводи ҷолибу хонданбоби   ҳамин шумора маҳсуб мешаванд, ки  дар саҳифаи 2 ва 3-юми  рӯзнома нашр гардидаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (05.12.2017,№144)  дар саҳифаи аввали ин шумора   гузоришро аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҳти  сарлавҳаи «Мулоқоти  Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко» ба нашр расонидааст, ки дар он  ба таври муфассал баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус зимни вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо дар музокирот бо иштироки васеи  расмии ҳар ду ҷониб  инъикос гардидааст.

Дар гузориш, аз ҷумла, чунин омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро  ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ  ба Тоҷикистон даъват карданд. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд. Муҳлати баргузории сафари расмӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад».

Дар ҳамин саҳифаи рӯзномаи парлумонӣ матолиби дигар таҳти сарлавҳаҳои «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Клуби фарҳангии Ҳакимобод барқарор шуд» ба табъ расидаанд.

Муаллифи  «Клуби фарҳангии Ҳакимобод барқарор шуд» Ёқуби Содиқ навиштааст, ки «ду моҳ қабл дар рӯзномаи «Садои мардум (№170 (3744) зери сарлавҳаи «Клуби фарҳангӣ ба ҳашаротхона табдил ёфтааст», матлаб нашр гардид, ки дар он вазъи  басо ногувори клуби фарҳангии деҳаи Ҳакимободи деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб инъикос ёфта буд. Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  баъди нашри мақола ба рӯзнома ҷавоб гардонида, қавл доданд, ки мушкили мазкурро бартараф хоҳанд кард. Хушбахтона, бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр, махсусан раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, клуби фарҳангӣ баъд аз 25 сол дубора эҳё гардид».

Дар саҳифаҳои 2 ва 3-юми ҳамин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» матолиби дигар  таҳти сарлавҳаҳои  «Тасдиқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат»,  «Норасоии мутахассисон монеи рушди сайёҳӣ дар Рашт мебошад», «Тоҷикистон ба кишвари индустриалӣ –аграрӣ табдил меёбад»  ба чоп расидаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи ин ҳафтаина (06.12.2017,№49)    гузоришро аз ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  ва матолиби дигарро зери сарлавҳаҳои «Этимод-кафолати пирӯзиҳо», «Қаҳрамони фаромӯшшуда…», «Мактабро кӣ ғорат мекунад?», «Назари тозае ба таърих», «Тоҷикистон ва тағйирёбии иқлим»,  «Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз» ва «Торҳои анкабут ё чаро Кабирӣ ҳукми қатли Собиршо Ҳасановро содир кард?»-  ро, ки аз сомонаи АМИТ «Ховар» бознашр шудааст,  пешниҳоди хонандагон гардонидаст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳафтаи сипаригардида  нашрияҳои расмии ҷумҳурӣ матолиби зиёдеро  дар саҳифаҳояшон аз сомонаи АМИТ «Ховар» бознашр намудаанд.

Дар  нашрияи русии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (№50, 29.11.17)  матолиби дигари сомона – мусоҳибаи журналист Саидалӣ Сиддиқ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун зери сарлавҳаи «Саттор Турсун: «Лидер нации достоин Нобелевской премии мира!» бознашр гардидааст.

Кормандони рӯзномаҳои  «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ Овози»,   нашрияҳои соҳавии  «Адабиёт ва санъат»,  «Омӯзгор», «Боҷу хироҷ» ва  ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон»,  «Оила» ва ғайраҳо   низ  кӯшиш намудаанд, ки бо мақолаҳои   таҳлилӣ бурду бохт ва норасоиву камбудиҳои ҷомеаро баҳри ба вуҷуд овардани афкори омма пешниҳоди хонандагон гардонанд.

  Рухсораи НУР

АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2017 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад