«Пули ордҳои кирмзада насиб накард», «Оё қалён ба саломатӣ зарар надорад?-шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаҳо чӣ менависанд? Ҳафтаи равон кадом воқеаву рӯйдод ва масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифт? Кадоме аз ин матолиб ҷолибтару хонданӣ барои хонандагон маҳсуб мешуд? Доир ба ин мавзӯъ шарҳи матбуот аз АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» (07.12.2017, №249) дар саҳифаи аввали ин шумора мақолаи донишҷӯи тоҷик Исмоил Ҳурматзодаро зери сарлавҳаи «Истиқлолият ва ҷавонони хуштолеи тоҷик» ба нашр расонидааст. Ин донишҷӯи тоҷик аз он изҳори хушҳолӣ намудааст, ки ӯ низ дар баробари дигар ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ, ки ба рӯйхати 10 беҳтарин донишгоҳи кишварҳои рӯ ба рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ (EECA – Emerging Europe & Central Asia) шомил аст, таҳсил менамояд. Мавсуф, аз ҷумла, нигоштааст: «Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисони баландихтисос на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар берун аз он низ чораҷӯиҳо карда, ҳар сол тавассути квота ва шартномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсили ҷавонон имкониятҳои зиёд фароҳам меоранд».
Дар ин саҳифаи рӯзнома дар баробари нашри хабарҳо зери рубрикаи «Тоҷикистон» маводи дигаре бо сарлавҳаҳои «Боздошти як адвокат барои қаллобӣ», «Соҳибкор: Дар фурӯши асал мушкил дорем» ва дар саҳифаҳои 2 ва 3 –юми он «Паноҳгоҳи сиёсӣ ё маҷрои ҷадиди қаллобӣ…», «Қоидаҳои зидди сӯхтор. Аз эҳтиёт кор бигирем» ба чоп расидаанд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (09.12.2017,№146) дар саҳифаи аввали ин шумораи рӯзнома гузоришро аз ҷараёни кори Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 6 декабри соли равон баргузор гардида буд, зери сарлавҳаи «Тасдиқи созишномаҳои қарзӣ барои бунёди қитъаҳои алоҳидаи роҳи «Кӯлоб — Қалъаихумб»-ро пешниҳоди хонандагон гардонидааст. Дар гузориши мазкур, аз ҷумла, омадааст, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии 5 масъала, аз ҷумла, «Тасдиқи созишномаҳои қарзӣ барои бунёди қитъаҳои алоҳидаи роҳи «Кӯлоб — Қалъаихумб» қабул шуд.
«Пули ордҳои кирмзада насиб накард»— бо чунин сарлавҳа дар ҳамин саҳифа мақолаи хабарнигори рӯзнома Ёқуби Содиқ дар хусуси ошкор гардидани 1200 халта (60 тонна) орди гандуми муҳлати истеъмолаш гузашта ва пастсифат дар шаҳри Кӯлоб ба нашр расидааст. Муаллиф дар мақолааш нигоштааст: «Бо вуҷуди хилофи меъёрҳои стандартӣ будани орд, Давлатов Валӣ Мирзоалиевич, ки аз январи соли ҷорӣ ба ҳайси директори ҶСК «Суғдиён» фаъолият дорад, 180 халта орди муҳлати истифодааш гузаштаро бо орди муҳлатдор ва сифати хубдошта омехта карда, ба соҳибкори инфиродӣ Д. Назаров фурӯхтааст ва ба ин васила ба ӯ 25 ҳазору 200 сомонӣ, яъне ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонида, орди боқимондаро дар анборҳои ҷамъият бо ҳадафи фурӯхтан нигоҳ доштааст».
«Нисбат ба В. Давлатов бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда ба анҷом расид ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардид. Ордҳои пастсифати муҳлаташ гузашта аз муомилот бардошта шуданд»-бо ҳамин матлаб муаллиф ба мақолааш хотима бахшидааст.
Дар саҳифаи сеюми ҳамин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» бо сарлавҳаи «Оё қалён ба саломатӣ зарар надорад?» маводи ҷолибу хонданӣ ба нашр расидааст.
Муаллифони мақола хабарнигорони рӯзнома Шариф Атобуллоев ва Ҷамшеди Сабоҳиддин, аз ҷумла, нигоштаанд: «Тақрибан даҳ сол мешавад, ки дар Тоҷикистон низ қалёнро истифода мекунанд. Вале то ҳанӯз мақомоти дахлдори кишвар омори дақиқи истифодабарандагони қалён ва қалёнхонаҳоро надоранд. Ҳол он ки ҳаводорони он сол то сол меафзоянд. Ҳарчанд ки солҳои охир воситаҳои ахбори омма зарару пайомадҳои бади чилимро дар матлабҳо дарҷ карда бошанд ҳам, пеши роҳи истифодаи онро гирифта натавонистанд. Қисме аз ҷавонон аз он ки қалён истифода мебаранд, як навъ фахр ҳам мекунанд. Инро аз аксҳои ҷавонон, ки ҳангоми дуд додани қалён дар саҳифаҳои интернетӣ гузоштаанд, ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Мутаассифона, духтарон низ аз он истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаҳо, қалёнхонаҳо аслан баъд аз нисфирӯзӣ ва бештар шом фаъол мешаванд. Қаҳвахонаҳое, ки дар Душанбе ба қалёнфурӯшӣ машғуланд, 40 навъи онро омода сохта, пешкаши мизоҷон мекунанд, ки аксаран аз тамокуи сабук ва меваҳои хушккардаи гуногун таҳия мешаванд. Дар шаҳри Душанбе барои истифодаи як маротибаи қалён мебояд аз 60 то 200-300 сомонӣ маблағ пардохт намуд».
«Бо сабаби он ки аз дастгоҳи қалёнкашӣ чанд нафар истифода мебаранд, сар задани бемориҳои тавассути луоби даҳон сироятшаванда аз эҳтимол дур нест. Дар маҷмӯъ, истифодаи қалён ба бемориҳои саратони шуш, дилу рагҳо, саратони лабҳо, бемориҳои сироятии сил, герпес ва гепатит гирифтор мекунад», — бо чунин хулоса ҷамъбаст намудаанд маводи худро муаллифон.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи инҳафтаина (13.12.2017,№50) матолиби ҷолибу хонданиро, ба мисли «НБО-и Роғун муъҷизаи Тоҷикистон аст», «Муносибатҳо рӯ ба рушд», «Байтулмуқаддас аз кист?», «Хлопушка». Чаро манъи воридоти он риоя намешавад?», «Оқибати нохуши истифодаи нодурусти антибиотикҳо», «Нотавонмандӣ тавонмандӣ нест», «Зиндагии шоиста танзиму сарфакориро мехоҳад» ва ғайраҳоро пешниҳоди хонандагон гардонидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳафтаи сипаришуда нашрияҳои «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ Овози», нашрияҳои соҳавии «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Боҷу хироҷ» ва ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Оила» низ бо мақолаҳои таҳлилӣ бурду бохт ва норасоиву камбудиҳои ҷомеаро баҳри ба вуҷуд овардани афкори омма пешниҳоди хонандагон гардонидаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»