Раёсати «Тоҷикстандарт» 6 дӯкони арақфурӯширо баста, зиёда аз 900 шишаи арақи худсохт ва ғайристандартиро нобуд кард
ХОРУҒ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми се рӯзи санҷиш фурӯши машруботи спиртиро дар шаш мағозаи шаҳри Хоруғ манъ карданд. Сардори шуъбаи раёсати мазкур Зафар Мирзонаботов гуфт, ки «дар назди баъзе аз ин дӯконҳо биноҳои нави кӯдакистонҳо сохта шудаанд ва бо қарори раиси шаҳр фаъолияти ин фурӯшгоҳҳо муваққатан боздошта шуд. Зеро дар бораи манъи фурӯши машруботи спиртӣ дар назди кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳҳо қарори ҳукумати кишвар низ ба тасвиб расида буд. Раёсати «Тоҷикстандарт» чанд бор ба мудирони ин мағозаҳо огоҳнома фиристонд, аммо онҳо огоҳномаҳоро ба назари эътибор нагирифтанд. Аз ин рӯ маҳсулоташон мусодира карда шуда, дари дӯконҳояшон баста шуд. Баъзе аз мағозаҳо агарчӣ иҷозатномаи махсус барои фурӯши арақ доштанд, аммо санҷиш нишон дод, ки як қисми шишаҳои арақ худсохт буда, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд».
Мутахассисони раёсати мазкур ҳангоми санҷиш зиёда аз 900 шишаи арақро дар озмоишгоҳ мавриди таҳқиқ қарор дода, муайян намуданд, ки дар дохили ин машруботи спиртӣ моддаҳои хатарноки ба ҷисми инсон зараровар вуҷуд доранд.
Зафар Мирзонаботов гуфт, ки пас аз ташхис ва таҳияи санад ин машруботи спиртӣ дар ҳузури намояндагони мақомоти прокуратура ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ нобуд карда шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






