ЯРМАРКАҲОИ СОЛИНАВӢ ДАР ХИЗМАТИ ДУШАНБЕГИҲО! Дар пойтахт аз дирӯз ярмаркаҳои солинавӣ оғоз гардиданд, ки то 30 декабр идома меёбанд

Декабрь 21, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  иди Соли нави  2018 ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр  бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ  аз 20 то 30 декабри соли равон   дар пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ доир карда мешаванд.

 Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо ҷараёни баргузории  яке аз ин ярмаркаҳо дар кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (шафати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки  аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ташкил шудааст,  аз наздик шинос шуд.

Субҳи барвақт дар мавзеъи мазкур ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ба кори худ оғоз карда, назди мошинҳои сайёри  барпокунандагони ин фурӯшгоҳ  сокинони  пойтахт ба харид  кардани маҳсулоти хӯрокӣ машғул буданд.

Зимни суҳбат  харидорон  аз баргузории чунин ярмаркаҳо, ки  дар онҳо нархи маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар муқоиса ба  нархи   ин маҳсулот дар бозорҳо арзонтар ва ҳам   интихоби   васеъ барояшон фароҳам аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз ҷумла, Шаҳлои Хайриддин бо ҳамсояаш Гулмоҳ Холова, истиқоматкунандагони маҳаллаи Кӯҳдомани ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки  барои   харид кардан ба  ин ярмарка омада  буданд, зикр карданд, ки  5 килограмм гӯштро  ба маблағи 160 сомонӣ  харид намудаанд.

«Агар ин миқдор гӯштро   аз бозор мехаридем, нархаш 180 сомонӣ мешуд, яъне 20 сомониро сарфа кардем. Ба ин пули сарфакардаамон як –ду килогӣ макарони ҳархелаи нархашон 3 сомонигӣ харид мекунем, ки барои як моҳи дигар ба оилаи мо басанда аст»,- иброз доштанд онҳо.

Кормандони Консерваторияи миллӣ,  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айни, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон,  дигар муассисаву ташкилот, ки бинои онҳо дар шафати  ярмаркаи мазкур қарор доранд, барои захираи зимистон, ба миқдори зиёд  картошкаву пиёз, сабзӣ, орд, равған ва шакар мехариданд. Дар ярмаркаи мазкур нархи 1 килограмм картошка аз 2, 80 то 3 сомонӣ,  пиёз аз 2,5  то 2,80 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонию 20 дирам, карам аз 50 то 60 дирам, турб аз 70 то 80 дирам, каду аз 1 то 1, 50 сомонӣ, 5 килограмм равғани пахта аз 45 то 47 сомонӣ, шакар аз 5 то 5, 5 сомониро ташкил медод.

Зимни суҳбат онҳо аз ин иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки ин амали нек дар арафаи  соли нави мелодӣ  ба рӯҳияи идонаи онҳо  боз ҳам хушҳолӣ бахшидааст.

Хотиррасон менамоем, ки  чунин ярмаркаҳои  солинавӣ дар таваққуфгоҳи назди Бозори «Меҳргон» (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»,  майдончаи назди бозори «Ховарон» (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»,  майдончаи назди бозори «Ёвар» (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдакӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт (аз ҷониби    муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»)  аз 20 декабр шурӯъ гардида, то 30 декабр идома меёбанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ярмаркаҳои солинавӣ даъват менамояд.

 

   Рухсораи НУР,

   АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсоз шиносномаи давлату миллат аст
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз баррасӣ гардид
Чӣ боис шуд, ки лозури Деҳдал ин дафъа бо суръати баланд ҳаракат намуд?
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард
Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд
Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?