ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА: нагузоред, ки вақти холии фарзандон бесамар гузарад, зеро бе шуғл ва бе назорат мондани онҳо оқибати нек надорад
ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2018, яъне давоми 1 моҳ таътили зимистона муқаррар гардидааст. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътили зимистонаи хонандагон чӣ гуна тадбирҳо андешида шудаанд?