Бо эҳёи дубораи Қалъаи Муғ ҷалби сайёҳон ба ин сарзамини зебоманзар ва куҳанбунёд боз ҳам вусъат меёбад

Январь 11, 2018 15:54

ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардад. Дар Паём, аз ҷумла, таъкид гардид, ки  «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».

Дар ин радиф Истаравшани бостонӣ низ яке аз мавзеъҳои таърихӣ ба шумор рафта, ин шаҳрро  «осорхона дар фазои кушод» ном мебаранд, зеро дар Истаравшан зиёда аз 150 мавзеъи таърихӣ мавҷуд буда, он таъриху тамаддуни қадимӣ дорад.  Дар давраҳои пеш аз ин сарзамини куҳан Шоҳроҳи Абрешим мегузашт, ки он Осиёро бо Аврупо  мепайваст. Ин роҳи бузург барои тиҷорат манбаи ягона буд. Тоҷирону бузургони давру замон аз ин мавзеи зебоманзар гузар намуда, Қалъаи Муғро  тамошо карда, дар он сайру гашт ва савдо  мекарданд.   Айни ҳол бо ташаббус ва  саъю кӯшиши раиси шаҳри Истаравшан  Баҳром Иноятзода  Қалъаи Муғ   аз нав эҳё гардида, девори он, ки 600 метрро дар бар мегирад, бо тарзи қадимӣ навсозӣ гардида истодааст.

Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаву маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ  дар ин ҷо «Амфитеатр» ва  дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла, утоқҳои кории ҳунармандон, осорхона ва намоишгоҳи доимии ҳунарҳои мардумиӣ бунёд шуда истодааст.

Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланд ва некноми Истаравшани бостонӣ баҳри ободии диёри хеш камар бастаанд. Чуноне ки Пешвои  миллат зикр намуданд: «Дар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкории башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахшида шавад». Аз нав бунёд гардидани Қалъаи Муғ,  ки масоҳаташ 7 гектарро ташкил медиҳад, барои ин мақсадҳои наҷиб замина хоҳад гузошт. Cайёҳон ҳини ташриф ба Истаравшани бостонӣ Қалъаи Муғро  тамошо намуда, бо фарҳангу тамаддун ва ҳунарҳои мардумии ин минтақа шинос мегарданд, аз намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ харидорӣ менамоянд ва аз ҳунари муъҷизаофари онҳо дар ҳайрат монда, аҳсан мехонанд. Бояд зикр намуд, ки баъзе аз ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, читгарӣ танҳо дар Истаравшан ривоҷ дорад. Устои ҳунарманд Мирамин  бо фарзандонаш ин амалро ба ҷо меоранд, ки ин ҳунари ниҳоят нодир мебошад. Ин амал заҳматталаб буда, барои ранг додани як метри он чанд шабонарӯз масраф мегардад. Сайёҳон ҳангоми ташриф ба Истаравшани бостонӣ аз ин матои табиӣ харидорӣ намуда, ба ҳунари ӯ қоил мегарданд. Ҳунарҳои дигари миллӣ- кордсозӣ, шонатарошӣ ва кандакорӣ низ имрӯзҳо хеле ривоҷ ёфтаанд.

Дар Паём, аз ҷумла, таъкид гардид, ки  «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Дар ин замина месазад, ки Қалъаи Муғро низ ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун ёдгории таърихӣ ворид созанд, то қадимӣ будани таъриху тамаддуни тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ созад.

Дар Истаравшан ҳунармандони зиёде ҳастанд, ки дар хона ба намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, зиндагии хешро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд. Ҳунармандони истаравшанӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми Пешвои миллатро  хуб истиқбол гирифта, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро аз андоз озод гардидани онҳо сабаби боз ҳам беҳтар гардидан  ва боло рафтани зиндагии ҳунармандон мегардад.

Чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Дарвоқеъ, Истаравшан  бо маҳсули дасти  ҳунармандонаш дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст. Бо эҳёи дубораи Қалъаи Муғ  ҷалби сайёҳон ба ин сарзамини зебоманзар ва куҳанбунёд боз ҳам вусъат меёбад, ки ин баҳри баланд гардидани сатҳи зиндагии  мардум мусоидат менамояд.

Нигора ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Истаравшан,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Январь 11, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид