Чаро оши палави ҳарифона боиси марги чор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд гардид?

Январь 3, 2018 10:27

ДУШАНБЕ, 03.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре  расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, дар арафаи  Соли нав 4 нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд бинобар заҳролудшавӣ аз оши палави истеъмолнамудаашон фавтиданд, вале, мутаасифона,  ашхоси ноогоҳ аз воқеияти ҳол, сабаби марги эшонро ба ҳар васила шарҳ медиҳанд.

Тавре дафтари матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар асл,  тибқи  маълумоти мақомоти марбута, шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5,  маҳаллаи19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соати 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз оши палави номбаршуда ба ҳамсари Абуҷаббор Норматов-Муборакхон Норматова низ равон менамоянд, ки ӯ ҳам аз он таъом истеъмол менамояд. Баъди шаш соати истеъмоли ош шаҳрвандон Абуҷаббор Норматов ва Муборакхон Норматова дар вуҷудашон бемориро ҳис менамоянд ва ба худмуолиҷа машғул шуда,  то соати 22:00 дар хонаи худ меистанд. Баъдан мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сиоятии шаҳр Хуҷанд фавран бистарӣ мекунанд ва аз тарафи духтурон меъдаи беморонро мешӯянд.

Тақрибан соатҳои 23:55  тариқи «Ёрии таъҷилӣ»  боз як бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст будани фишори хун, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба беморхонаи мазкур оварда шуд, ки аз вай Бахтиёр Муртазоев сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 ном бурда мешавад. Ӯ низ аз оши ҳарифона истеъмол намудааст.

Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар се бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тасфи бадан, қайкунии зиёд, ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд. Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона 8 нафар иштирок дошта, фавран боз ду нафар Равшан Мӯъминов ва Ҳотам Раҷабов дар беморхонаи шаҳрии №1 шуъбаи гемодиализ бистарӣ карда шуданд.

Аз тарафи Маркази экспертизаи  судӣ-тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифона номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрити натрий истифода шудааст.

Мутаасифона шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқоматии худ фавтиданд.

«Бинобар ин сару садоҳо дар бораи  он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрити натрий ба оши ҳарифонаро   санҷида истодаанд»- омадааст дар хабари дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Январь 3, 2018 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд