Дар мубориза ба муқобили душманони давлату миллати тоҷик – созмонҳои террористиву экстремистӣ як лаҳза ҳам бепарвоӣ нашояд!
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пайомаду оқибатҳои фоҷиабори ин «вабои аср» аз минбарҳои баланди байналмилаливу минтақавӣ, дар ҷаласаву ҳамоишу конфронсҳо, аз ҷумла, бо овардани намунаҳо аз воқеаҳои Тоҷикистон борҳо суханрониҳо кардаанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олӣ ирсол гардид, ба масъалаи таъмини амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Бахусус нахустин ҷумлаҳои Паём маҳз вобаста ба таъмини амният ва суботу оромӣ гуфта шуданд. Президенти мамлакат оид ба:
омилҳои таҳрикдиҳандаи ноамнӣ — раванди бартариҷӯӣ дар ҷаҳон;
доман паҳн кардани ҷуғрофияи нооромиҳо — мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтани зиёда аз сад давлати дунё;
воқеият будани таҳдидҳо ба тартибу низоми ҷаҳонӣ ва таъсири ин таҳдидҳо ба муносиботи байналмилалӣ изҳори назар карда, таъкид намуданд, ки идома ёфтани чунин ҳолат боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногун мегардад.
Воқеан ҳам пешвоёни сиёсии замони муосир наметавонанд воқеияти афзоиш ёфтани амалҳои террористиро, ки рӯз ба рӯз бо шеваи боз ҳам мудҳиштар, бо шумораи беш аз пеши қурбоншудагон содир карда мешаванд, нодида гиранд. Дар давраҳои на он қадар дури таърихӣ (60-70 сол қабл аз ин) амалҳои террористӣ дар тамоми рӯи ҷаҳон аҳён-аҳён содир мешуданд, ҳамагӣ як ё ду шахси мушаххаси сиёсӣ мавриди ҳадафи террористон қарор мегирифтанд. Содир кардани амали террористӣ кори нангин дониста мешуд, бинобар ин ҳама неруҳои солими ҷомеа усулан бо террористон ва гурӯҳҳои террористӣ ягон гуна алоқа, додугирифт ва гуфтушунид баргузор намекарданд. Ягон ҳизби сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ба худ иҷозат намедод, ки бо террористон ва гурӯҳҳои террористӣ муомила кунад, зеро дар ин маврид шараф, ном ва номуси ҳизбу созмон зери шубҳа қарор мегирифт. Аммо давоми ду-се даҳсолаи охир созмону ташкилотҳои алоҳида содир кардани амали террористиро воситаи асосии фаъолияти худ ҳисобиданд. Ин созмону ташкилотҳо бо содир кардани амалҳои террористӣ шахсони алоҳидаро не, балки қишрҳои гуногуни ҷомеаро тарс додан мехоҳанд. Қаблан, агар содир кардани амали террористӣ амали нангин дониста мешуд, акнун ҳизбу созмонҳои алоҳида, аз ҷумла, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, бо роҳи содир кардани амалҳои террористӣ расидан ба қудрати сиёсиро ҳадаф қарор додааст. Мутаассифона, дар ин маврид ҳамкорӣ, ҳамдастӣ ва мусоидати боғаразона, ошкорову пинҳонии баъзе ҳукуматҳои минтақавӣ бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ то ҳанӯз идома дорад.
Бо назардошти вазъи мавҷуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат зимни ирсоли Паём амният ва суботро заминаи асосии рушди давлат номида, изҳор карданд, ки Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ омода аст ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тақвият бахшад. Чунин азми Пешвои миллат барои гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, ки баргузории он моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, бори дигар аз мавқеи ошкорои роҳбарияти олии ҳукумати мамлакат дар ин масъалаи муҳими рӯз гувоҳӣ медиҳад. Мавриди зикр аст, ки Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳо гузаронида мешавад, ки бешак, аҳамият ва нақши онро дар баррасии масъалаҳои ба нақша гирифташуда бештар менамояд.
Бояд гуфт, ки масъалаи таъмини амнияту субот ва эҳтиёт аз хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм на танҳо дар оғози Паём, ҳамчунин дар идома ва қисмати ниҳоии он низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намондааст. Ин навбат Пешвои миллат аз вокунишу муносибатҳои духела нисбат ба зуҳуроти номатлуби терроризм дар сатҳи ҷаҳонӣ бо қатъият изҳори ташвиш намуданд: «Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст».
Тавре ки зикр гардид, имрӯз дар ҷаҳон таъмини амният сармашқи кори сиёсатмадорони сатҳи олӣ гардидааст, вале муборизаи муташаккилона ба муқобили терроризм бо шеваи гуногун сурат мегирад. Дар ин маврид дар Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо риояи назокати олии дипломатӣ, мавқеи устувори Тоҷикистон хеле ошкоро ва возеҳ нишон дода шудааст: «Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Зимнан, таъмин намудани амният, мусодат кардан ба нигоҳ доштани суботу оромӣ танҳо вазифаи мақомоти амниятии мамлакат ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот набуда, вазифаи рӯзмарраи ҳар як узви фаъоли ҷомеа, хусусан кормандони соҳаи илм, маориф, маданият ва журналистон бояд бошад. Зеро агар оташ аланга гирад, ҳама хушку тар, ҷузъу куллро ба коми худ мекашад. Пешвои миллат дар анҷоми Паёми худ зикр карданд: «Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд».
Ин таъкиди Сарвари давлат зиёиён ва неруҳои солимфикри ҷомеаро бояд водор созад, ки дар муносибат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир – терроризм ва ифротгароӣ мавқеи устувори оштинопазир дошта бошанд ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди ҷомеа, бахусус, дар назди ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистон, бешак аз онҳост, бо сарбаландӣ иҷро кунанд. Бо шунидани суханони зерини Пешвои миллат: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем», ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро эҳсоси баланди ватандӯстӣ фаро мегирад, зеро дарк карда мешавад, ки дар мубориза ба муқобили душманони давлату миллати тоҷик – созмонҳои террористиву экстремистӣ як лаҳза ҳам бепарвоӣ нашояд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»