Кевин Коверт: «Саъй менамоем, то амрикоиҳо дар Соли рушди сайёҳӣ аз Тоҷикистон бештар боздид намоянд»

Январь 26, 2018 16:12

ДУШАНБЕ, 26.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи вакилони Парлумони Тоҷикистон зимни мулоқот бо кордори муваққатии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон  Кевин Коверт пешниҳод намуданд, ки  ҷониби Амрико дар  таҷлили  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштироки фаъол дошта, мардуми Амрикоро барои сафар ба Тоҷикистон тарғиб намояд. Дипломати амрикоӣ пешниҳоди  вакилони тоҷикро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки дар ин росто корҳоро аллакай ҷоннок намудааст ва саъй менамояд, ки мардуми Амрико аз Тоҷикистони меҳмондӯст бештар дидан намоянд.

Аз Парлумони Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода иштирок дошт ва зимни мулоқот  масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико матраҳ гардиданд. Таъкид шуд, ки Амрико дар муносиботи хориҷии Тоҷикистон мақоми хосаро ишғол менамояд ва яке аз аввалин кишварҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат соли 1992 барқарор гардида, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 инҷониб  фаъолият менамояд. Таъкид гардид, ки байни ду мамлакат беш аз 30 санади байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд, ки самтҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, маориф, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро дар бар мегиранд. Дар ин муддат муносиботи ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва маводи мухаддир ва тақвияти сарҳад  густариш ёфтаанд.

Дар мулоқот инчунин  атрофи  фаъолияти Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ва барномаи амрикоии «Ҷаҳони боз» сухан рафта, онро намунаи барҷастаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Амрико арзёбӣ намуданд.

Дипломати амрикоӣ ҳамзамон аз китобхона ва осорхонаи Маҷлиси намояндагон дидан намуд.

 

Январь 26, 2018 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар