О –ФА-РИН! Мактабиёни тоҷик дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» соҳиби 11 медал шуданд

Январь 16, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 январи соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар  олимпиадаи мазкур  довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия ва Булғория ҷамъ омада, байни ҳам рақобат намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд,  дар олимпиада Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуда, новобаста аз рақибони пурзӯр онҳо тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами ҷумҳуриро боло  бардоранд.

Дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков Абубакр Усмонов  сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Инчунин  Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В» аз фанни математика, Фарҳод Ҳакимиён,  хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардиданд.  Сабина  Абдураҳмонова аз фанни физика, Парвизҷон  Алиев ва Муҳаммадҷон Кличев аз фанни математика аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Далер Пиров, Фараҳманд Ҳасанов аз фанни физика, Комрон Абдуллоев аз математика, Хусрав Ашурзода аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В» сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ: 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 (соли 2017: 2 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) 4 медал зиёд мебошад.

Ғолибони олимпиада имрӯз ба Тоҷикистон баргаштанд.

 Натиҷаи ғолибияти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков

Фанҳо

Ҷойҳои ифтихорӣ

I

тилло

II

нуқра

III

биринҷӣ

Ҷамъ
Математика 1 2 3 6
Физика 3 3
Технологияи иттилоотӣ 1 1 2
Дар умум 1 3 7 11

 

 

 

Январь 16, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд