ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 январ, панҷшанбе, 4-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 4, 2018 08:12

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Мамлакати Арабистони Саудӣ бо хабарнигори рӯзномаи «аш-Шарқ ал-Авсат» мусоҳиба анҷом доданд.

***

Як сол пеш, 4 январи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии баркарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1963 шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) таъсис дода шуд.

 4 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи умумиҷаҳонии Нютон.

***

Дар Мянма – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

 4 январи соли 2010 дар шаҳри Пекин Сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов  дар робита ба 18-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони ВАО вохӯрӣ  баргузор намуд.

***

4 январи соли 2011 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2015 ба Тоҷикистон зиёда аз 463 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз онҳо 413 ҳазору 834 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1964 дар корхонаи яхдонбарории шаҳри Душанбе аввалин маротиба  яхдони тамғаи «Помир» истеҳсол карда шуд.

 ***

Соли 2010 дар Дубай маросими ботантанаи ба истифода додани баландтарин бинои ҷаҳон- Бурҷи Халифа баргузор гардид.

Январь 4, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш