«Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон»-ҳамоиш дар доираи 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон
ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25—солагии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Ҳиндустон шашумин маърузаи ҷашнӣ доир гардид.
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз ташкилкунандагони асосии ҳамоиш ба ҳисоб мераванд.
Муовини директори Институт Нарзулло Амиров зикр кард, ки чунин ҳамоишҳо имконият медиҳанд, ки донишмандон ва ҳаводорон оид ба фарҳанги муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маълумоти зарурӣ гиранд. «Дар ҳамоиши имрӯза мавзӯи ҳунари рассомии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва ба ин восита иштирокдорон метавонанд оид ба рушди ҳунари рассомии Ҳиндустон ва таъсири он ба ҳунари рассомии Тоҷикистон маълумот гиранд»,- гуфт Н. Амиров.
Котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мидҳун Рагҳаван оид ба намудҳои анъанавии рассомии Ҳиндустон, алоқаи байни санъати тасвирии Осиёи Марказиву Ҳиндустон, рассомони муосири Ҳиндустон ва сабки онҳо маълумот дод.
Номбурда иброз намуд, ки намудҳои анъанавии рассомии Ҳиндустон- ин тасвирҳо дар сангу мағораҳо, рассомии мадҳубанӣ, майсурӣ, танҷорӣ, минётур, муғулҳо, пахарӣ, раҷпутӣ мебошанд. Ӯ гуфт, ки тасвирҳои сангу мағораҳои Бҳимбедка, ки дар музофоти Мадҳя Прадеш ҷойгир аст, тасвирҳои дорои таърихи 30000-сола ва тасвири манзараҳои ҳаёти ҳаррӯза мебошанд. Инҳо тасвирҳое мебошанд, ки марҳилаҳои гуногуни фарҳанги Ҳиндустонро инъикос менамоянд.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки вақте ба офаридаҳои рассомони ин мамлакати афсонавӣ назар мекунӣ, эҳсос мекунӣ, ки дар ҳунари рассомони машҳури Ҳиндустон таъсири рассомони Ғарб бештар дида мешавад. «Ин гуна ҷамъомадҳо аз як тараф, аз доштани равобити ҳасанаи ду давлати дӯст шаҳодат диҳанд, аз тарафи дигар, ба иштирокдорон-донишҷӯён имконият фароҳам меоваранд, ки бо санъати рассомӣ ва рассомони машҳури Ҳиндустон шинос гарданд»,-илова намуд Ҳ. Раҷабов.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






