ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Январь 3, 2018 11:18

ДУШАНБЕ, 03.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия дар ҳамкорӣ бо сокинони ҷумҳурӣ барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ пайваста фаъолият намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз ноогоҳӣ ва надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Роштқалъа: дуздии беш аз 35 ҳазор сомонӣ аз ҷониби донишҷӯ

30 декабри соли 2017 ба қисми навбатдории шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Роштқалъа аризаи шикоятӣ аз тарафи Н. Баҳромбеков, соли таваллудаш 1960, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, соҳибкор дар он хусус ворид гардид, ки 29 декабри соли 2017 шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматии ӯ гардида, тавассути буридани қулфи дари ҷевони оҳанин, аз дохили он маблағи пулӣ ба миқдори 35 ҳазору 730 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса пинҳон мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Роштқалъа шаҳрванд Мирзокасиров Зоҳир Абдулхайрович, зода ва истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия, соли таваллудаш 1996, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда самбуфер, ки Мирзокасиров Зоҳир дар дохили он маблағи пули дуздидаро ба миқдори 33 ҳазору 700 сомонӣ пинҳон намудааст, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Соҳиб шудани амволи бародар

Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғайриқонунӣ соҳиб шудани амвол дастгир карда шуд.

Номбурда бо мақсади соҳиб шудан ё ба каси дигар додани молу мулк, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, 19 декабри соли 2017 аз дасти бародараш, марди 26-сола 50000 доллари амрикоиро бо роҳи дуздӣ соҳиб шуда, дар хонаи истиқоматиашон нигоҳ доштааст.

Дарёфт ва мусодираи 14 адад сангҳои қиматбаҳои табиӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 49-солаи сокини ноҳияи Мурғоб, корманди Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти азназаргузаронии ҳавлии истиқоматиаш 13 адад сангҳои қиматбаҳои «Ёқут» ва 1 адад санги «Кварс» ба миқдори умумӣ 32 грамму 49 милиграмм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд

 Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст, ки 1 январи соли 2018 дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба рони пойи чапаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

Январь 3, 2018 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд