Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода аст
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва ҷалби сайёҳон, ҷалби сармояи сармоягузорони араб ба инфрасохтори сайёҳӣ, гузаронидани курсҳои бозомӯзии кормандони бахши сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни мулоқот ба сармоягузори араб оид ба дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, пешниҳоди имтиёзҳо барои дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, 50% коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав, ҳамзамон фаъол будани низоми электронии дастрас намудани раводид ва дигар ҷанбаҳои ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавидар бо намояндагӣ аз сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр кард: «Сармоягузорони Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода ҳастанд».
Дар робита ба ин Нуъмон Абдуғаффорзода гуфт, ки «аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ лоиҳаҳои сармоягузории инфрасохтори сайёҳӣ ва хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардию шикор ба ҷониби арабӣ пешниҳод карда мешаванд».








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






