Дар шаҳри Турсунзода намоиши «Корвони ҳунар» баргузор гардид

Февраль 20, 2018 16:57

ТУРСУНЗОДА,  20.02.2018  /АМИТ  «Ховар»/. «Корвони  ҳунар»- чунин  ном  дошт  намоиши  ҳунарҳои  мардумии минтақаҳои  гуногуни  шаҳри  Турсунзода,  ки  дар  маркази шаҳр  бо шукӯҳу шаҳомати  хосса  доир  гардид.   Дар  намоиш, ки ба Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои   мардумӣ бахшида шуда буд,  маҳсули  дастони  мӯъҷизаофари  ҳунармандони  гулдаст,  аз  қабили  гулдӯзиҳои  рангоранг,  болишту  кӯрпачаҳои  ҳунармандона дӯхташуда,  гилему  сабаду  гаҳвораву дигар асбоби  аз  чӯб  сохташуда  ва  маҳсулоти  кулолгарону   оҳангарону   наҷҷорон   манзури  тамошобинон  гардонида шуданд.

Ҳунари  кадбонуҳои  моҳир,  ки  аз  маҳсулоти  ордӣ  анвои  гуногуни  хӯрокҳои  хушлаззати  тоҷикӣ,  нонҳои  хурду  бузург,  таомҳои   гуногуни  миллӣ  омода  карда буданд,  ба намоишгоҳ   зебу  зинат  бахшиданд.

Воқеан  намоиши   ҳунарҳои  мардумӣ   як  манзараи  басо  ҷолиб  ва хеле  диққатҷалбкунанда   ва  хотирмону  омӯзанда  аст.    Зеро  анъанаҳои  неки   ниёгонро   эҳё  ва  идома  додан  қарзи   ҳар  як  шаҳрванди ҷумҳурӣ   мебошад.

Ҳамоиши   «Корвони  ҳунар»   бо  ибтикори  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода,  Кумитаи  ичроияи  ҲХДТ дар  шаҳри  Турсунзода ва  ҷамоатҳои  деҳот  баргузор  гардид.  Дар он  ҳунармандони  маъруф  бо  шогирдонашон,   намояндагони  ҷамоату  муассиса ва ташкилотҳо   фаъолона  ширкат  доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир  Вализода  ва  ҳайати   ҳамроҳонаш  баъди  боздид  аз  намоиши   «Корвони  ҳунар» ба нақши  дастони   пурэъҷози  ҳунармандон баҳои  баланд дода, ҳамаро барои истиқболи арзандаи Соли  рушди сайёҳӣ   ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намуд.

Ҳунарнамоии ансамбли фолклорӣ — этнографии Қаратоғ   анҷомбахши   чорабинии «Корвони  ҳунар»  буд.

 

Февраль 20, 2018 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид